Рустами Эмомалӣ бо сафир сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Сӯҳбати телефонӣ миёни Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдер анҷом гирифт. Ҳарду ҷониб аз робитаҳои мавҷудаи бародаронаи Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд ва масъалаҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Сафир Имрон Ҳайдер уҳдадории Покистонро мувофиқи биниши роҳбарияти ду кишвар дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бори дигар таъкид кард. Сафир фидокорӣ ва дурандешии муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе, ки дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳрро ба яке аз марказҳои муосири ҷаҳонӣ табдил дод, хеле баланд арзёбӣ намуд.

Бо эълон гардидани шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳур ҳамчун бародаршаҳр дар соли 1994 ва омодагӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн миёни мақомоти ҳарду шаҳр изҳор намуданд. Сафир кӯшишҳои муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҳайси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои пешбурди ин навъи бозӣ дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуд ва омодагии Покистонро барои таҳкими ҳамкориҳо миёни Ассотсиатсияҳои футболи ду кишвар иброз сохт.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ аз робитаҳои мавҷудаи бародаронаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои минбаъд мустаҳкам намудани ин равобит дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таъкид намуд ва омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои миёни мақомоти шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳур ва Ассотсиатсияҳои футболи ду кишвар иброз дошт. Инчунин ҳарду ҷониб аз ҳамдигар дар мубориза алайҳи пандемияи коронавирус изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки пас аз ба эътидол омадани вазъи COVID-19, ҳамкории дуҷонибаро дар тамоми сатҳҳо идома диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *