Латукӯби духтари 21-сола дар назди бозори «Корвон»
Аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ҳайдаров Илҳом сокини 35-солаи н.Рӯдакӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар байни роҳи нақлиётгарди бозори “Корвон”, воситаи нақлиёти худро таваққуф намуда, як нафар ҷавонзани сокини 21-солаи шаҳри Душанберо латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳайдаров И., маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ