Сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигори маъруф

ФСБ-и Русия як гуруҳи неонатсистҳоро, ки бо дастури СБУ ба куштори рӯзноманигор Владимир Соловёв омодагӣ мегирифтанд, боздошт кардааст. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи душанбе аз Маркази равобити ҷамъиятии ФСБ-и Русия хабар доданд.

«Хадамоти федеролии амният дар якҷоягӣ бо Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия як гурӯҳи аъзои созмони неонатсистии террористии «Национал сотсиализм/Қувваи Сафед», ки дар Русия мамнуъ аст, шаҳрвандони Русияро боздошт карданд, ки бо дастури Хадамоти Амнияти Украина куштори як ходими ҷамъиятӣ, рӯзноманигори маъруф Владимир Соловёвро тарҳрезӣ мекарданд», — гуфт ФСБ.

«Аъзои гуруҳи ҷиноӣ дар бораи омодагӣ ба куштори В. Соловёв иқрор мешаванд, ки баъд аз он қасди пинҳон шудан дар хориҷи кишварро доштанд», — гуфта мешавад дар гузориши ФСБ.

Ҳангоми кофтуков дар суроғаҳои боздоштшудаҳо маводи таркандаи худсохт, 8 адад асбоби сӯзонандаи худсохти шабеҳи коктейлҳои Молотов, 6 таппончаи ПМ, милтиқи шикорӣ, норинҷаки РГД-5, беш аз ҳазор патрон бо калибри гуногун, маводи мухаддир, шиносномаҳои қалбакии украинӣ бо аксҳои аъзои гуруҳ, адабиёти миллатгароӣ ва асбобу анҷом мусодира карда шуданд.

«Дар доираи парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия оғоз шудааст, ҷамъоварии далелҳо оид ба амалҳои ҷиноии боздоштшудагон идома дорад», — афзуд ФСБ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *