Саҳми коммунистон дар Созишномаи сулҳи тоҷикон

(Аз Конфронси илмӣ-назариявии коммунистони Душанбе)

 

Рӯзи истироҳатии 17 июн дар толори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – бақои миллат” барпо гардид. Ташаббускори конфронс Кумитаи иҷроияи ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе онро  ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшид. Дар кори конфронс вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсии чумҳурӣ ва ҷавонон иштирок доштанд.

Котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи   Ҳизби коммунисти  Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  С. Сафиаллоев зимни ифтитоҳи конфронс мухтасар аз таърихи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфта, хотиррасон кард, ки санади мазкур ҷомеаи шахрвандии кишварро 27 июни соли 1997 ба Ваҳдати миллӣ оварда расонд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз бо ҷидду ҷаҳди ҷолннисоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аъзои комиссияи оштии миллии Тоҷикистон, ки аз 26 нафар иборат буд ва аз ҳар ду ҷониб 13 нафарӣ намоянда буданд, ба имзо расид. Дар фаъолияти комиссияи оштии миллӣ нақши аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ бориз аст.

Сипас, иштирокчиёни конфронс — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидов, иштирокчии фаъоли музокироти сулҳи тоҷикон профессорон Иброҳим Усмонов, Ҳайдаршоҳ  Пирумшоев, досенти ДСРТ, котиби КМ ҲКТ Азиз  Раҳмонов ва собиқадори Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов аз ҷумла зикр карданд, ки Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба марҳилаи ниҳоят душвори таърихӣ ворид гардида, дар ҷумҳурӣ бар асари омилҳои мухталиф ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа фалаҷ гардид, давлатро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ фаро гирифт. Дар натиҷа як қисми аҳолӣ  ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд, миллат ва давлатро хатари парокандашавӣ таҳдид менамуд.

Танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо карда шавад.

Пас аз он ки ҳамаи муҳоҷирони иҷборӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан ва манзилҳои худ баргардонида шуданд, Тоҷикистон ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ муназзаму мураттаб гардад, мамлакат аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба муваффақиятҳо ноил шуда, бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасана барқарор кард.

Котиби КМ Иттифоқи ленинии коммунистони  ҷавони ҲКТ Собириён Умари Акрам бахшида ба Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуд.

Иштирокчиёни конфронси илмӣ-назариявӣ зикр карданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ ба имзо расонида шуд, ки дар таҷрибаи замони муосир падидаи нодири ба миён овардани сулҳу оромӣ ба шумор рафта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷонибаи доираҳои гуногуни ҷаҳон  қарор гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *