Садамаи нақлиётӣ дар Душанбе: ронандаи маст ба чор мошин бархӯрд
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рух дод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес” бо рақами қайди давлатии 4860ТТ09 – Рустам Мирзоев ба идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ айбдор дониста шуд.
Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, бар асари ин садама ба чор воситаи нақлиёт зарари техникӣ расидааст. Таҳқиқоти гузаронидаи мақомоти милитсия нишон дод, ки Мирзоев ҳангоми садама дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Бо қарори суд, ӯ бар асоси моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба 15 шабонарӯз ҳабс ва маҳрумият аз ҳуқуқи идораи нақлиёт барои 5 сол маҳкум гардид. Илова бар ин, ӯ бояд хисороти расонидашударо ба соҳибони мошинҳои осебдида ҷуброн намояд.…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ