Садамаи нақлиётии марговар: Пиёдагарди ноболиғ ба ҳалокат расид (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки дар пай хисороти ҷонӣ доштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 18:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус РКС-350», рақами қайди давлатиаш 1999АР01, Фозилов Неъматулло Зокирович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонии пойтахт пиёдагарди хурдсол Насимова Ясмина Фарруховна, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст.

Дар натиҷа, хурдсол Насимова Я. Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.