Сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон
Имрӯз, 17 феврал Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар ба Эрон сафар мекунад.
Ин сафар бо даъвати расмии Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Эрон сурат мегирад.
Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар иштирок мекунад.
Севвумин конфронси иқтисодии Хазар рӯзҳои 29 ва 30-и Баҳман бо ҳузури нахуствазирон ва вазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард.
Ӯ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуд ва дар он аз ӯ ва ҳукумати Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ