Сафари Ҳаҷ-2025 аз Тоҷикистон расман оғоз шуд

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Бино ба маълумоти кумита, 165 шаҳрванди кишвар нахустин гурӯҳи зоиронро ташкил медиҳанд, ки тариқи хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сафар хоҳанд кард.

«Зоиронро дар фурудгоҳ намояндагони Кумитаи дин, инчунин намояндагони Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел хоҳанд кард», – изҳор доштанд аз кумита.

Барои соли 2025, Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7000 квота барои адои Ҳаҷ ҷудо намудааст. Арзиши умумии хизматрасониҳо дар доираи сафари Ҳаҷ барои як нафар 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян гардида, пардохти маблағ танҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути Ориёнбонк амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *