Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Имрӯз, 25 декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои расмӣ, зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад.

Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт.

“Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст”,-итилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *