Сафир

Сафир ба вакили дифои Ҳувайдо сипоснома супорид

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Шавкат Умаров, вакили дифоъ барои бомуваффақият гузаронидани мурофиаи додгоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сипоснома супорид.

Гуфта мешавад, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 15-уми март, дар рӯзе, ки додгоҳи Маскав Александр Сёмин, шаҳрванди Русияро барои таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5 –сола  гунаҳкор донист ва 24 сол равонаи зиндон кард, Шавкат Умаров, вакили дифоъ ва Абдусалом Саидов, падари ноболиғи кушташудаи тоҷикро ба сафорат даъват кардааст. Сафир  бо онҳо мулоқот карда, ба вакили дифоъ барои бомуваффақият гузаронидани мурофиаи додгоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сипоснома тақдим кард.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин мулоқот натиҷаи мурофиаи додгоҳӣ низ баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *