Сафири Ҳиндустон меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд
Имрӯз, 16 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Реҷеш Уйке меҳмони идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гардид.
Зимни боздид дипломати Ҳиндустон бо шароити фаъолият дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз наздик шинос шуда, бо ҳайати эҷодӣ мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни дидор ба Сафир дар бораи фаъолияти ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва медиахолдинги “Оила”, ки таърихи зиёда аз се даҳсола дар фазои иттилоотии Тоҷикистон доранд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, дар доираи ин ташриф суҳбати ихтисосии сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Реҷеш Уйке баргузор гардид, ки он рӯзҳои наздик дар сомонаи Pressa.tj ва шабакаҳои иҷтимоии он нашр хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ