Сафири Тоҷикистон бо Кюлҳо Квак суҳбат кард
Салоҳиддин Киром сафири Тоҷикистон дар Корояи Ҷанубӣ бо Президенти Форуми оби Корея Кюлҳо Квак мулоқот кардааст. Дар ин бора АМИТ ”Ховар” бо такя ба манбаъи худаш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ тарафҳо ҳангоми суҳбат ба мавзӯи ҳамкории судманд бо назардошти чорабиниҳои сатҳи баланд дар соҳаи об, ки соли 2026 дар Душанбе баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар назар аст моҳи майи соли 2026 дар Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ