Саид Каримиёнро куштанд

Саид Каримиён, молики шабакаи маъруфи телевизионии GEM TV ва шарики кувайтии ӯ шаби 29 апрел дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуданд. Додгоҳи Эрон ду моҳ пеш Каримиёнро дар ғайбаш ба 6 соли зиндон маҳкум карда буд.

Шаби 29 апрел як мошини гаронбаҳо дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Сарийери Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ин ҳамлаи соати 20:15 дар ҷодаи Маслак Кадеси дар минтақаи Леванти Истамбул сурат гирифтааст.

Пеши роҳи мошинеро, ки дар он молики GEM TV Саид Каримиён ва шарики кувайтии ӯ ҳаракат мекарданд, як мошини дигар банд кард ва афроди силоҳбадаст аз он мошин пойин шуда, ба тарафи Каримиён ва шарикаш тир кушоданд. Дар натиҷа ҳарду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Пулис мегӯяд, таҳқиқи видеокамераҳои назоратӣ нишон дод, ки ҳамлагарон рӯи худро пинҳон карда буданд ва ниқоб доштанд.

Нашрияи туркии «Суперхабар” бо нашри як видео гуфт, ки пулис баъди чанде мошинеро, ки бовар меравад, ҳамлагарон аз он истифода бурдаанд, пайдо кард. Омилони сӯиқасд қабл аз фирор ба ҳадафи аз байн бурдани изи ҷинояти худ ин мошинро оташ задаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *