Саида Мирзиёева аз омӯзгорон пуштибонӣ кард

Саида Мирзиёева, мудири бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ӯзбекистон дар маросими ҷамъбасти нахустин Олимпиадаи зеҳнӣ гуфт, мо бояд ҷомеае бунёд намоем, ки дар он қадру манзалати омӯзгор баланд бошад.

Дар навори суханронии Саида Мирзиёева дида мешавад, ки дар ин чорабинӣ бо эҳсосот ва сахтгирона суханронӣ карда, аз омӯзгорон пуштибонӣ мекунад.

 Ӯзбекистон ҳоло дар миқёси ИДМ аввалин кишваре мешавад, барои ҷалби омӯзгорон ба корҳое, ки мустақиман ба вазифаи онҳо алоқаманд нест, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ ҷорӣ кунад.

Дар маросими ҷамъбасти нахустин Олимпиадаи зеҳнӣ дар Ӯзбекистон Саида Мирзиёева ба масъулини рӯ оварда, изҳор дошт: «Муаллим имрӯз хизматгор дар чорабиниҳои раисон аст. Коргари бемузд аст, ки  хона ба хона гашта, маълумоти оморӣ ҷамъ мекунад. Аз боғбон сар карда то фаррошу пешхизмат, ки ба мактаб комиссияҳои назоратӣ меоянд, онҳо толори чорабиниҳоро пур мекунанд. Вақти он расидааст, ки ин гуна шеваи муносибату корро дигар кунем. Тавре Президенти мо изҳор медорад, ҳалли тамоми мушкилот дар соҳаи маориф аст. Пойдевори ҳама гуна муваффақият ҳам муаллим аст. Вазифаи мо бунёди ҷомеа мебошад, ки дар он омӯзгор қадр дошта бошад”.

Инчунин, Саида Мирзиёева, мудири бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ӯзбекистон дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Олимпиадаи зеҳнӣ аз сангинтар шудани муҷозот барои таъйини вазифаҳои ғайриоддӣ бар болои омӯзгорон эълон кард.

Ӯзбекистон барои хомӯш кардани мушкилоте, ки ба бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ хос буд, оғоз накард, балки ба ҳалли он шуруъ кардааст. Ин мушкилот, мутаассифона, ба бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ ошно аст.

Аҷаб нест, ки суханронии Саида Мирзиёева дар Думаи давлатии Русия низ ба мушоҳида расид. Онҳо гуфтанд, ки мушкиле, ки ҳоло дар Ӯзбекистон ҳал мешавад, барои кишвари онҳо низ дахл дорад. Воқеан, ин мушкил ба бисёр кишварҳои ИДМ дахл дорад.

Думаи давлатии Русия ёдовар шудааст, ки соли 2023 соли омӯзгор хоҳад буд. «Ман фикр мекунам дуруст мебуд, ки чунин таҷриба дар кишварҳои дигар низ татбиқ карда шавад. Вақти он расидааст, ки эътибори мураббиёну омӯзгоронро боло барем. Охир дар Қазоқистон, Тоҷикистону Қирғизистон муаллимон то ҳол азоб мекашанд»,- мегӯяд журналисти байналмилалӣ Аббос Ҷумъа.

Дар Тоҷикистон борҳо аз боло бурдани нуфузу эътибори омӯзгор сухан мегӯянд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳангоми таъин шудан изҳор дошта буд, ки мавқеи омӯзгорро боло хоҳанд бурд. Аммо мушоҳида мешавад, ки то ҳол омӯзгорон ба корҳои шанбегӣ ва дигар чорабиниҳо бештар ҷалб мешаванд. Шояд мисли Ӯзбекистон тасмимҳои ҷиддӣ барои пуштибонии омӯзгорон роҳандозӣ карда шавад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *