Саидзодаҳо; Қурбон рафт, Фирдавс омад

 Фирдавс Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба  нақлиёт таъйин шуд.

 Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Қурбон Саидзода гардид, ки тайи беш аз як соли охир дар ин вазифа кор мекард ва ҳафтаи гузашта аз кор рафтааст.Фирдавс Саидзода рӯзи 29-уми май бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва бо ризояти Президент  Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом таъйин шудааст. Мақоми Фирдавс Саидзодаро бояд Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ намояд.Фирдавс Саидзода гуфтааст,ки  дар бораи нақшаҳои кориаш баъдан сӯҳбат хоҳад кард. Фирдавс Саидзода то таъйин шудан ба мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе, сардори идораи «Душанбенақлиётхадамотрасон» — ниҳоди танзимкунандаи бахши нақлиёт дар пойтахт буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *