Саломиён баъди ду моҳи барканорӣ мансаби нав гирифт (аудио)

Муҳаммаддовуд Саломиён, ки чанде пеш аз вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон барканор шуда буд, мақоми нав гирифт.

Ӯ Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин гардида,  дар ин маснад академик Ғуломқодир Бобизодаро иваз кардааст.   

Муҳаммаддовуд Саломиён дар мақоми муовини якуми вазири маориф ҳамагӣ 2 сол кор карда, 21 феврали соли равон аз ин вазифа озод шуда буд. Дар гузашта ӯ устоди факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Чандин сол ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ низ фаъолият дошт.

Тавре маълум, Акадеемияи таҳсилооти Тоҷикистон муассисаи олии илмиест, ки олимони намоёни илми педагогика ва ходимони машҳури маорифи Тоҷикистонро муттаҳид менамояд. Академияи мазкур 29 апрели 2002 бо қарори Ҳукумати ҶТ таъсис ёфтааст. Аввал Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи ҶТ ном дошт. Баъдан Академияи таҳсилоти Тоҷикистон номгузорӣ шуд.

Аввалин президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон академик Маҳмадулло Лутфуллоев буд. Сипас, дар солҳои гуногун Ирина  Каримова ва Ғуломқодир Бобизида дар мақоми Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор карданд. Дар ҳайати Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 4 узви пайваста ва 8 узви вобаста фаъолият доранд.

3 тақозо аз вазири маориф ва илм

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.