Самарқанд-мизбони ду ҳамоиши байналмиллалӣ
4 апрел дар шаҳри Самарқанд ду нишасти байналмилалӣ – “Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ” ва “Масъалаҳои глобалии иқлими Осиёи Марказӣ – ваҳдат барои рушди устувор” ифтитоҳ ёфт.
Рӯзи аввали ин нишаст ғайр аз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, инчунин беш аз 400 намояндаи созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, ширкатҳои бонуфуз, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба ҳайси меҳмонони фахрии форум инҳо муаррифӣ гардиданд: Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, Президенти Шӯрои Аврупо Антонио Коста, Директори Бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) Ивана Зивкович, Муовини Дабири кулли СММ, Доктори иҷроияи Конвенсия оид ба мубориза бар зидди тахлия ва хушкшавӣ Иброҳим Тиав, Директори иҷроияи UN-Habitat Anaclaudia Rossbach, Дабири иҷроияи Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷири ҳайвоноти ваҳшӣ Эми Франкел, Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъалаҳои иқлим, Президенти COP29 Мухтор Бобоев, Котиби иҷроияи ЮНЕП Мегуми Секи, муовини Дабири кулли СММ ва Дабири Иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид Татяна Молчан, вазирони муассисаҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои хориҷӣ ва ғайра.
Мавзӯи асосии нишаст барои муколамаи сатҳи баланд «Тағйирёбии иқлим дар маркази таваҷҷӯҳ: ташаккули оянда тавассути амалиёти дастаҷамъӣ» мебошад.





Дар иҷлосияи махсуси рушди устувори иқтисодиёт ин масъалаҳо баррасӣ мегардаднд:
• Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ;
• Осиёи Марказӣ бо мушкилоти бӯҳрони сегонаи сайёра рӯбарӯ аст;
• Ҷавонон ба оянда некбинона менигаранд;
• Энергияи тоза: асоси рушди устувор ва аз ҷиҳати экологӣ тоза;
• Шаҳрҳои устувор ва мушкилоти иқлим: банақшагирӣ ва идоракунии ҳамгирошуда.
Инчунин дар доираи форум намоишгоҳи лоиҳаи «Байни ду дарьё», ки ҷараёнҳоро ба воситаи призмаи байнихамдигарӣ дида мебарояд, алоқаи байни дигаргуниҳои нақшҳои иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои муҳити зистро дар давраи сотсиализм таҳқик мекунад.
Таъсири экологии Узбекистон махсусан дар маҷрои дарёҳои хушки он намоён аст: дарёҳои як вақтҳо пуроб бо мурури замон кам шуда, дар натиҷаи кишти пахта заминҳои хушкро дар пай гузоштанд. Ин манзараи дигаргуншуда хотиррасон мекунад, ки чӣ гуна афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ на танҳо равандҳои табиӣ, балки ҳувияти фарҳангии минтақаро низ ташаккул додаанд.
Интизор меравад, ки ҳуҷҷати ҷамъбастӣ дар фарҷоми форум “Консепсияи минтақавии рушди «сабз» муаррифӣ мегардад, ки барои ташаккули дидгоҳи муштараки минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим замина мегузорад. Ин ҳуҷҷат равишҳои пешрафтаи созмонҳои байналмилалиро барои ҳалли мушкилоти экологии минтақа инъикос хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки муҳимияти форум Ҷумҳурии Ӯзбекистон мисли тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои осебпазири ҷаҳон аз таъсири тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Дар давоми 30 соли охир ҳарорат дар минтақа 1,5°С боло рафтааст, ки ин аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ ду баробар зиёд аст. Илова бар ин, масоҳати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ дар 50-60 соли охир 30% коҳиш ёфта, ба норасоии об, таназзули хок ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ оварда мерасонад.
Дар ин ҳамоиш мушкили баҳри Арал, ки яке аз бузургтарин буҳрони экологӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, аз масоили муҳим арзёбӣ гардид. Хушк шудани баҳри Арал боиси тағийроти ҷиддии иқлим, аз ҷумла афзоиши басомади тӯфонҳои чангу ғубор, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва бад шудани вазъи саломатии мардум гардидааст. Барқарор кардани экосистемаи баҳри Арал ва дарёфти роҳҳои ҳалли устувори минтақа талошҳои ҳамоҳангшударо дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад.
Дар бораи он ки адами сари вақт андешидани чораҳои коҳиш додани хатарҳои иқлимӣ, минтақа бо оқибатҳои ҷиддии иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла коҳиши ҳосили кишоварзӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва бад шудани шароити зиндагӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Форуми иқлимии Самарқанд як қадами муҳим дар роҳи бунёди ояндаи устувори Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишастҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.
Ин нишаст идома дорад ва 5 апрел ба кори худ хотима хоҳад бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ