Самарқанд. Иҷлосияи ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ намуд

Иҷлосияи 43-уми таърихии Конфронси Генералӣ, ки бори аввал дар тӯли чиҳил сол берун аз қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мешавад, дар шаҳри Самарқанд оғоз ёфт. Баргузории чунин як форуми бузурги байналмилалӣ дар ин шаҳр баёнгари он арзёбӣ гардид, ки Самарқанд ба ҳайси шаҳри илму ирфон ва фарҳанги воло муаррифӣ шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич иштирок карданд. Директори Генералии ЮНЕСКО Одри Азуле зимни суханронӣ гуфт, Ӯзбекистон аз шумори он кишварҳои Осиёи Марказист, ки ба ормонҳо ва арзишҳои ин созмони бонуфуз садоқат зоҳир мекунад ва дар рушди муколамаи ҷаҳонӣ барои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор саҳми беинтиҳои худро мегузорад.

-Ман дар давоми ҳашт соле, ки дар мақоми Директори Генералӣ ифои вазифа намудам, ЮНЕСКО ба иҷрои корҳои зиёд дар самтҳои гуногун муваффақ шуд. Аз ин минбар ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои фароҳам овардани чунин имконият ва шароит ибрози сипос менамоям. Роҳбари давлати Ӯзбекистонро бо ин рӯйдоди таърихӣ, ки ЮНЕСКО иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии худро бори аввал дар 40 сол дар беруни қароргоҳи худ, яъне дар Самарқанд баргузор мекуна, самимона шодбош мегӯям,-гуфт Одри Азуле.

 Вай афзуд, ки Маркази минтақавии ЮНЕСКО оид ба таълими томактабӣ ба кор шурӯъ мекунад, маросими супоридани ҷоизаҳои Берунӣ, чорабинии махсус бахшида ба 3000-солагии шаҳри Самарқанд, инчунин форумҳо оид ба осорхонаҳо, зеҳни сунъӣ, масъалаҳои гендерӣ ва бисёр чорабиниҳои дигар маҳз дар ин шаҳри зебо баргузор мешаванд.

Президент Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ ташрифи меҳмононро ба шаҳри Самарқанд хайрамақдам гуфт.

-Самарқанд шаҳри алломаҳои бузург аст, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми хеле бузург гузоштаанд. Баргузории ҷашнҳои Абӯрайҳон Берунӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Амир Темур, Камолиддин Беҳзод, Алӣ Қӯшчи ва дигарон дар сатҳи баланд ташкил карда шуд,-изҳор намуд Ш.Мирзиёев.

 

Ба гуфтаи ӯ рушди таҳсилоти фарогир ва қабули васеъи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ин самт ба яке аз мушкилоти муҳимтарини имрӯза табдил ёфта истодааст. Муҳим аст, ки барои ҳар як кӯдак, новобаста аз маъюбии ҷисмонӣ ва иҷтимоии онҳо, имкониятҳои баробари таълимӣ фароҳам оварда шаванд. Дар ин робита, мо боварӣ дорем, ки татбиқи платформаи ЮНЕСКО барои рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои ниёзҳои махсус мувофиқ хоҳад буд.

-Мо ба дастгирии шумо аз ташаббуси мо оид ба баргузории Саммити ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти касбӣ барои эҷоди формати муколамаи байналмилалӣ барои мубодилаи дониш ва таҷриба дар соҳаи маориф умед мебандем,-гуфт Мирзиёев.

Вай таъкид варзид, ки яке аз афзалиятҳои Ӯзбекистон тарбияи насли нав бо дарки амиқи технологияи иттилоотӣ ва тафаккури эҷодӣ мебошад. Барои минбаъд васеъ паҳн кардани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф, ккишвараш омодаааст, ки лоиҳаи озмоишӣ, мактаби зеҳни сунъиро бо иштироки ЮНЕСКО амалӣ кунад.

 -Мо инчунин пешниҳод мекунем, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО конфронси байналмилалии коршиносон оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои пешсаф, муассисаҳои таълимӣ ва институтҳои тадқиқотӣ аз ҳама қитъаҳо баргузор карда шавад. Дуюм, зарур аст, ки талошҳои муштарак барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ганҷи бебаҳои ҷаҳони мо – тақвият дода шаванд. Мо ба таҳияи барномаи “Ёддошти ҷаҳон”-и ЮНЕСКО манфиатдорем, ки барои ҳифзи дороиҳои беназири меросӣ, аз қабили анъанаҳои шифоҳӣ, асарҳои санъат, дастнависҳо, бойгониҳо ва ҳуҷҷатҳои арзишманди таърихӣ, инчунин таъмини дастрасии озод ба маълумоти муҳими фарҳангӣ таъсис дода шудааст,-иброз намуд Президент Шавкат Мирзиёев.

 Гуфта шуд, ки дар солҳои охир сатҳи баланди ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО қобили қайд мебошад. Аз ҷумла, Конфронси муштараки умумиҷаҳонӣ оид ба таълими кӯдакон, таҷлили 1050-солагии Берунӣ дар Париж таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба шарафи ин олими бузург аз ҳамин шумор мебошад.

Дар рафти маросими ифтитоҳ қайд гардид, ки дар доираи иҷлосияи 43-уми ЮНЕСКО, ки ба баррасии масъалаҳои калидӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, экология, технология ва коммуникатсия бахшида шудааст, баргузории беш аз 150 чорабинии гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ногуфта намонад, ки аъзои як ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин ва сафири фавқулолла ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар иҷлосияи 43-уми ЮНЕСКО ширкат карданд.

 Иҷлосияи 43-уми ЮНЕСКО ба кори худ идома меедиҳад.

Мирасрор АҲРОРОВ.

шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *