Санавбару Шаҳбоз ба Моҳрӯю Фарҳод пайравӣ намуда, худкушӣ карданд.

Ҷасади ду ҷавони ошиқ аз ноҳия Айниро дар наздикиҳои шаҳри Панҷакент пайдо карданд. Онҳоро як ҳафта боз ҳамдеҳагонашон меҷустанд. Шаҳбоз Холмуродови 24-сола ва Санавбар Ғафуроваи 21-сола аз деҳаи Зосуни Айнӣ худро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.  Ҷасади ин ду дилдода рӯзи 15 июл  пайдо шудааст. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса ахабар надода, ҷузъиёташро ҳам ошкор накардаанд,Акбархӯҷа Солеҳов, роҳбари Кумитаи ҷамъиятии деҳаи Зосун, гуфтааст,ки  онҳо марги ин ду дилдораро «худкушӣ» арзёбӣ мекунанд. Вай гуфтааст, ки ин ду ҷавон рӯзи 8 июл, шаш километр дуртар аз деҳ рафта, худро ба дарё партофтаанд. Худкушии ду ҷавон дар шимоли Тоҷикистон, дар ҳоле ду хонаводаро мотамзада кардааст, ки аз марги ду дилдодаи дигар дар вилояти Хатлон ҳамагӣ як моҳ гузаштааст. 7 июн айнан бо ҳамин  тарз бо қасди худкушӣ, Фарҳод ва Моҳрӯ дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) худро аз ҷарии баланд партофтанд. Аммо ба фарқ аз ҳодисаи Санавбару Шаҳбоз, дар Моҳрӯ ҷон бохт ва Фарҳод зинда монд. Сабаби қасди худкушии ду ҷавон дар собиқ ноҳияи Ҷилликӯл зиддияти волидон ба издивоҷи онҳо гуфта мешуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *