Сардори милисаи бадмастро аз кор ронданд

Дар пайи нашри видеои дар ҳолати мастӣ бо сиренаи баланд каҷу килеб рондани мошинаш дар шаҳраки Ғӯсар Зуҳуршо Холовро аз мақоми сардори шӯъбачаи милисаи ҷамоати Ғӯсар (собиқ Колхозчиён)-и Панҷакент барканор кардаанд.

Зуҳуршо Холов, сардори шӯъбаи милитсияи ҷамоати Ғӯсари шаҳри Панҷакентро пас аз нашри навори видеои мастиаш дар сари чанбараки нақлиёт аз вазифааш барканор карда шуд. Дар ин бора рӯзи 6 сентябр як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба сомонаи «Ахбор иттилоъ дод.

Навори видеоии Зуҳуршо Холов, бо гирондани серена дар сари чанбари фармони мошин дар маркази деҳаи Ғӯсар, тартиботро халалдор месохт, як ҳафта пеш дастраси «Ахбор” гардида буд.

Ин ҳодиса моҳи июл як шоми якшанбе дар шаҳраки Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии Панҷакент рӯй додааст.

Дар видео дида мешавад, ки сардори милиса сиренаи мошинро баланд карда, мошинашро дар як майдон пешу қафо меронад ва ба ҳаракати мошинҳои дигар халал эҷод мекунад.

Ӯ дар байн чанд бор мошинашро бозмедорад, вале боз дигарбора сиренаашро гирён карда, ба ҳаракат медарояд ва дар ҳамон як майдон давр задан мегирад.

Мардум дар садоҳое, ки дар ин навор шунида мешаванд, мегӯянд: «Хайр, маст-да.”

Пас аз нашри ин навор, як гурӯҳи корӣ иборат аз 5 нафар, бо роҳбарии сардори шӯъбаи бехатарии дохилӣ (СБ)-и раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд барои санҷиши қазияи мастии Зуҳуршо Холов ба Панҷакент омада, маҳалли ҳодисаи дар навор тасвиршударо аксбардорӣ ҳам карданд.

Манбаи «Ахбор” дар шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент гуфт, ахиран пас аз санҷиши қазия гурӯҳи корӣ, масъалаи барканории Зуҳуршо Холовро гузоштаанд ва ӯ аз вазифааш барканор шудааст. Қаблан гуфта мешуд, ки Зуҳуршо Холов аз афроди наздик ба генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мебошад ва шояд бо ягон танбеҳ халос шавад.

Корафтодагон ва сокинони деҳоте, ки тобеъи шӯъбачаи милисаи Колхозчиёнанд, аз дағаливу бадрафтории Зуҳуршо Холов зиёд шиква мекарданд. Анкун сокинон мегӯянд, адолат, ба ҳар ҳол, вуҷуд доштаасту чун гуноҳи Холов исбот шуд, ӯро барканор карданд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *