Сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе ба Тошканд рафт

Мутахассиси тоҷикистонӣ Виталий Левченко, ки ҳафтаи гузашта шартномаашро бо клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе қатъ кард, сармураббии дастаи футболи “Нафтчӣ”-и Ўзбекистон таъйин шудааст.
Виталий Левченко дар як ҷаласа бо иштироки раиси вилояти Фарғонаи Ўзбекистон, раиси Федератсияи футболи ин вилоят, раиси шаҳри Фарғона ҳамчун сармураббии нави дастаи «Нафтчӣ» муаррифӣ карда шуд. Виталий Левченкои 50-сола зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастпарвари футболи тоҷик аст. Фаъолияти асосии футболии ў дар дастаҳои Динамо К, ССКА, Таврияи Украина ва Волгар, Динамо, Спартак (Кострома)-и Русия, инчунин «Урал” гузаштааст. Вай як мавсим шарафи бошгоҳи «Чанчун»-и Чинро низ ҳимоя кардааст. Ў дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар 9 бозӣ ширкат варзидааст.
Аз соли 2005 мураббӣ аст. Дастаҳои «Княжа», «Арсенал», «Десна», «Эднист»-и Украина ва тими миллии ҷавонони Украинаро сарварӣ кардааст. Ў ба ҳайси мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон кор кардааст. Сармураббии дастаҳои «Барқчӣ» ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва мураббии тими «Криля Советов»-и Русия буд. Аз соли 2020 инҷониб дастаи «Истиқлол»-и Душанберо раҳбарӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *