Сарвари Кореяи Шимолӣ аз афзоиши коронавирус изҳори нигаронӣ кард

Пхенян, ки то кунун аз авҷи бемории коронавирус ҳарфе намезад, ахиран аз кашфи аввалин мубталоён ба “КОВИД-19” хабар дод.

Ҳоло, тибқи гузоришҳои расонаҳо, дар пойтахти ин кишвар тадбирҳои зиддиуфунӣ ба роҳ монда шудаанд, вале гуфта мешавад, ки барои мубориза бо “КОВИД-19” ба Кореяи Шимолӣ дору намерасад.

Маврид ба ёдоварист, ки Кореяи Шимолӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш расман аз авҷи беморӣ дар қаламраваш эътироф кард. Ҳукуматдорон ҳоло ночор шудаанд барои зери назорат гирифтани вазъ аз қувваи артиш истифода кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Кореяи Шимолӣ то кунун барои ваксинатсияи аҳолӣ аслан иҷозат ҳам надодааст.

Сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ахиран дар як ҷаласаи ҳукуматӣ аз масъулини ниҳодҳои тандурустии кишвараш шадидан интиқод кард, ки дар боздоштани густариши беморӣ кӯтоҳӣ нишон додаанд. Гуфта шуд, ки то кунун аз ин беморӣ ҳудудан 50 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо арқоми дақиқи мубталоён ба “КОВИД-19” вуҷуд надорад.

Манобеи давлатӣ мегӯянд, ки ин вирус дар саросари кишвар сар аз аввали моҳи апрел башиддат афзоиш ёфтааст ва мубталоёнаш дар карантин ба сар мебаранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.