Шаҳноз Ҳамидзода: Рақс маънии зиндагии ман аст

Раққосаи хушхироми кишвар Шаҳноз Ҳамидзода аз синни 5-солагияш ба рақсидан машғул аст. Ҳамсояҳо завқу шавқи ӯро дида, ҳар бегоҳ дар рӯи ҳавлӣ “консерти зинда” ташкил мекарданд. Дар ҳавои мусиқии гуногун Шаҳнози хурдсол арғушт мерафту мафтуни истеъдоди ӯ мешуданд.

— Мухлисони аввалини ман ҳамсояҳо буданд, зеро онҳо талқин намуданд, ки ҳамин ҷодаро интихоб намоям. Дар телевизион пас аз шунидани эълон оид ба қабули духтарон ба дастаи ҳунарии рақсии «Чаҳоноро» ҳамсояҳо модарамро маҷбур намуданд, ки маро ба он аъзо намоянд. Аммо модарам зид буданд. Модарамро зора кардам, ки маро шомили он гуруҳ созанд. Ниҳоят бо дахолати ҳамсояҳо ва пофишориҳои худам ба гуруҳи рақсии бачагона шомил шудам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Фаъолияти студияи рақсӣ низ чандон назаррас набуд, гоҳе кор мекарду гоҳе не. Сипас он студияи кӯдакона маҳкам шуд. Ман ба гуруҳҳои дигар рафта, пайи идомаи пешаи дӯстдоштаи худ шудам. Ба гуруҳи «Парвоз»-и Ҷамила Охунова ва «Зебо»-и Мирзо Сатторов рафтам. Сипас ба дастаи калонсолони «Зебо», ки роҳбариашро Имоми Раҳмониён бар дӯш доштанд, шомил шудам,- мегӯяд Шаҳноз.

Пас аз таъсис ёфтани дастаи рақсии «Гулрез» Шаҳноз ба он шомил шуд. Соли 2007 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси рассом-стилист тамом намуда, чанд муддат дар муассисаҳои олии таълимӣ, аз қабили Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз таърихи либос дарс медод.

Дар донишгоҳ роҳбараш — рассоми шинохтаи кишвар Зуҳур Ҳабибуллоев дар Шаҳноз истеъдоди рассомиро мушоҳида намуда, талқин менамуд, ки пайваста ин ҳунарро сайқал диҳад. “Умри рақс кӯтоҳ асту умри рассомӣ дароз”,- таъкид мекард З. Ҳабибуллоев ба шогирди қобилиятноки худ ва мегуфт, ки бояд якеро интихоб намояд.

Шаҳноз дар кӯдакӣ ба шоҳмот низ майл дошт, аммо аз шоҳмоту рассомӣ дида, санъати рақс ғалаба намуд ва ба ин ҳунари нафис содиқ монд. Ӯ аз хурдӣ дар озмунҳои гуногун иштирок менамуд. Соли 1997 бо иҷрои рақси «Мустаҳзод» (басаҳнагузоранда Фароғат Азизова) лауреати озмуни ҷумҳуриявии «Ғунчаҳои санъат» гардид. Репертуари Шаҳноз хеле бою рангин буда, рақсҳои гуногунро дар бар мегирад. Чандин бор дар арчаи солинавӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат доир гардид, бо “Рақси мор” ҳунарнамоӣ намуд. Ҳамзамон, бо ҳамин рақс дар Туркманистон низ баромад кард, ки басаҳнагузорандаи он Мирзо Сатторов буд.

Албатта, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба ҳунари рақсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоранд ва нисбат ба раққосаҳо назари нодуруст доранд. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо Шаҳноз, ин аз кам будани маънавиёти онҳо дарак медиҳад ва набояд ҳамаро бо як чашм дид. Дар ҳар як касбу кор одамони неку бад дучор мешаванд. Ҳар кас меъмори бахту қисмати худ аст.

— Рақс ба андешаи шумо чист?,- мепурсам аз Шаҳноз.

Ӯ лаҳзае андеша намуда, мегӯяд:

— Саволи басо фалсафӣ додед… Рақс зебоист, он маънои зиндагист, рақс ҳиссиёти нотакрори инсон аст.

Ба Шаҳноз муяссар шудааст, ки то имрӯз ба кишварҳои зиёди хориҷ, аз қабили Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қиризистон, Белорус, Ҳиндустон, Чин, Кореяи ҷанубӣ, Фаронса, Озарбойҷон сафар намуда, санъати волои рақсии тоҷикро муаррифӣ намояд. Ӯ дар ин ҷода М. Сатторов ва И. Раҳмониёнро устодони худ меҳисобад ва аз чанд ҳунарманди дигар низ сабақ гирифтааст.

Шаҳноз Ҳамидзода ҳунарманди балети дараҷаи олии дастаи «Гулрез»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буда, дар репертуари ӯ рақсҳои миллатҳои гуногун ҷой доранд. Аммо ӯ бештар рақсҳои классикии тоҷикиро меписандад ва иҷрои рақсҳои «Тановор», «Чапандози наво», «Таронаҳои Бухоро», «Муноҷот», «Мустаҳзод» ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд, ки дар танҳоӣ низ бо маҳорати хос ин рақсҳоро иҷро менамояд.

Рақсҳои классикӣ таҷассумгари фарҳангу санъати пурғановати мост. Ҳоло Шаҳноз ва ҳамкоронаш ба чорабиние, ки бахшида ба рӯзи Шашмақом доир мешавад, омодагӣ доранд. Чанде пеш телевизиони «Сафина» дар бораи ҳаёту фаъолияти Шаҳноз филми ҳуҷҷатиеро бо номи «Чарх бизан» ба навор гирифт. Ӯ нақша дорад, ки доир ба санъати рассомӣ ва рақс китобҳо навишта, ба ин васила бори дигар исбот намояд, ки тоҷикон дорои санъати воло ва арзишманду беназире мебошанд.

Шаҳноз дорандаи Ифтихорномаи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои дигари соҳавӣ буда, маънии зиндагии худро дар рақс дарёфтааст.

Насрулло ТУЙЧИЗОДА, журналист

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.