Як шаҳрванди Покистон барои қаллобӣ дастгир шуд

Дар пайи муроҷиати шаҳрвандон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Исломии Покистон,  Гилл Довудро ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд ҳолати қаллобӣ дастгир намуданд.

Тавре ки аз санҷиши пешакӣ бармеояд, номбурда бо ваъдаи омода намудани раводиди кишварҳои аврупоӣ дар муддати кӯтоҳ, аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифта, аммо ваъдаҳояшро иҷро накардааст. Ӯ маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Айни замон, нисбати ҳолати мазкур парвандаи дахлдор тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *