Шаббос Негматуллоев дар “Ҷоми Элорда” медали биринҷӣ гирифт

Варзишгари маъруфи кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс — Ҷоми Элорда дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт.

Мусобиқа, ки бо иштироки варзишгарон аз 10 давлат 30-юми июн шуруъ гардида буд, фардо — 5-уми июл ба анҷом мерасад.

Шаббос Негматуллоев дар вазни -80 кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигарамон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал аз варзишгари ӯзбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хӯрд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.