Шасти умри Умар
Чӣ тавр Тамара Кокова модари Умари Шерхон шуд
Қомати баланд, ҷуссаи калон, чеҳраи нуронӣ ва ҳамеша шукуфтаву хандон. Бо дӯстон қарину бо зердастон меҳрубон, ҳамеша дар такопӯву саросема ва пуркору пайкор. Хушчақчақу маҳфилоро ва ҳамеша омода ба хидмати дӯстон. Аз субҳи барвақт то шомгоҳон ду телефонаш беист занг мезанад: «Акаи Умар, Арбоби санъат – фалонӣ кай ва дар куҷо тавваллуд шудааст», “Акаи Умар фалон нафар кай фалон унвонро соҳиб шуд”, “Фалонӣ кай фавтид” ва монанди ин. Воқеан Умари Шерхон публитсист, журналист, муҳаққиқ ва нависанда, ки ба синни 60 расид, барои дӯстон нақши энсиклопедияро мебозад. Ҳуҷраи кориаш ҳам пур-пури бастаҳо ва картотекаҳои маълумотҳост…
Фаъолияти эҷодии адиб Умари Шерхон гуногунпаҳлӯст. Махсусан, таҳқиқотҳои солҳои охири ӯ дар мавриди Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сазовори таҳсин аст. Суҳбати мо низ бо эшон аз ҳамин паҳлуи эҷодиёташон оғоз ёфт.
-Солҳои охир, тақрибан аз соли 1997 ба ин сӯ банда бештар ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунам. Бубинед, устод Раҳмон Сафар, Ҳасанбой Шарифов, профессор Сайфиддин Раҳимов, ки бевосита дар мавзӯи ҷанг кор мекарданд, аз дунё яке паси дигар гузаштанд. Панҷ шаш нафари дигар, ки ба омӯзиши ҷанг машғул шудаанд, танҳо ба хотири дифои рисолаи дипломӣ ё номзадӣ будаасту халос. Бинобар ин ман назди худ мақсад гузоштам, ки дар мавзӯи ҷанг таҳқиқотҳо барам. Зеро ба ёд овардану зинда нигоҳ доштани номи ҷанговарон ва корномаҳои ҷангии эшон барои тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.
–Китобатон “Пурдил»-ро мутолиа кардам. Аҷиб аст, ки то шумо ҳатто теъдоди умумии Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз қаламрави Тоҷикистон муайян набудааст…
-Воқеан, дар бисёре аз мақолаҳову маърӯзаҳо теъдоди Қаҳрамонони Иттифоқи Советиро аз Тоҷикистон 54 нафар мегуфтанд ва ин қабул шуда буд. Фақат муҳаққиқ Лидия Петровна Сечкина соли 1985 дар таҳқиқоти худ теъдоди Қаҳрамононро аз Тоҷикистон 63 нафар нишон додааст. Ман зимни иншои китоби худ боз номи 3 нафари дигарро пайдо кардам ва ҳамин тавр теъдоди умумии онҳо ба 66 нафар расид. Аммо ҳоло ҳам таҳқиқотҳоямро идома дода истодаам, зеро муҳаққиқи ҷанг, профессор Сайфиддин Раҳимов теъдоди Қаҳрамононро 72 нафар арзёбӣ кардаанд. Яъне ҳоло мо теъдоди пурраи Қаҳрамононамонро намедонем ва бо ҳамин 66 нафар иктифо мекунем. Кор давом дорад ва дар баробари ин ман мехоҳам дар мавриди дорандагони се дараҷаи Ордени Шараф маълумот ҷамъоварӣ намоям ва китоби алоҳидае бисозам, зеро то ҳол танҳо дар бораи 19 нафари онҳо маълумот ҳасту халос.
–Шумо солҳои охир ба сохтани Қомусҳо машғулед. Китоби “Пурдил” ҳам аз ҷумлаи он қомусҳост. Аммо китоби шумо – “Данғара” хеле маъруф аст. Чӣ боис гашт, ки ба чунин як таҳқиқоти доманадор даст задед?
-Охири соли 1999 ман ба раиси ноҳияи Данғара Гул Шералӣ мактуб ирсол карда, ёдоварӣ шудам, ки соли 2002 ноҳия 70 – сола мешавад. Бинобар ин бояд омодагиҳо пештар оғоз гардад, на ин ки мунтазир бишинем ва дар се –чор моҳи пеш аз ҷашн дар таҳлука монда, ҷашнро сарам – дилам нагузаронем. Гул Шералӣ ин пешниҳодро қабул карда, як гурӯҳи корӣ таъсис доданд, ки банда низ шомили он гардидам. Ҳамин тавр, ба ҷамъоварии ин китоб камар баста, соли 2002 дар арафаи ҷашни 70 – солагии ноҳия онро бо теъдоди 50 нусха баровардам. То соли 2005 китобро такмил дода, баъдан бо теъдоди 1000 нусха нашр кардам. Баъдан солҳои охир ба таҳқиқоти мавзеи Кангурт машғул шудам ва шакли мухтасари китобамро таҳти унвони “Эҳёи Кангурт” аз чоп баровардам. Зеро худам зодаи Кангуртам. Ин корҳоро ман аз рӯйи масъулиятшиносӣ кардам, на манфиат ё чизи дигар.
–Доманаи эҷодиёти шумо васеъ аст. Чандин маҷмӯаи ҳикояҳо доред. Узви Иттифоқи нависандагонед, таҳқиқотҳои зиёдатон доир ба таъриху фарҳанг аз чоп баромадаву илова бар ин ҳаҷвияҳои ҷолиб менависед. Бигӯед, шумо худатонро кӣ меҳисобед? Нависанда, публитсист, ҳаҷвнигор ё муаррих?
– Муаррих не, ман чунин даъво надорам. Ман аслан публитсистам ва маро чунин муаррифӣ кунед, беҳтар аст. Ман публитсистеям, ки бештар дар мавзӯи фарҳанг менависам. Ба адабиёт завқи беандоза дораму ҳикоя менависам.
–Дар баробари ин масруфи корҳои ҷамъиятӣ ҳастеду масъулияти роҳбарӣ доред. Чӣ гуна ҳамаи инро ба ҳам омезиш медиҳед: кор, эҷод, зиндагӣ…?
-Чунин зиндагӣ ба ман одат шудааст. Ман дар гурӯҳи шабонаи донишгоҳ таҳсил кардааму дар баробари ин кор мекардам. Аз соли 1979 ба комбинати нассоҷӣ ба сифати аробакаши одӣ ба кор пардохта, 11 сол дар вазифаҳои боркаш, борбанд, усто, устои калон кор кардам. Илова бар, ин аз соли 1983 дар хобгоҳи комбинат барои 300 нафар мураббӣ будам. Баъди хатми донишгоҳ сеюним сол сардори идораи хонаҳо шудам ва соли 1989 ба Кумитаи назоратии халқии ҷумҳурӣ ба кор пардохтам. Баъдан соли 1991 ман ба кори рӯзнома гузаштаму то соли 1995 аз рӯйи ихтисосам фаъолият намудам. Соли 1995 маро ба дастгоҳи Президент даъват карданд ва то соли 1997 ман корманди масъули котиботи Сардори давлат будам. Аз соли 1997 муовини раиси маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” ҳастам. Яъне 20 соли пур шуд, ки дар як вазифа кор мекунам.
–60 барои як инсон синни кам нест, аммо барои инсони эҷодкор расидан ба давраи камолот. Давраест, ки эҷодкор бурду барор, шебу фароз ва кардаву нокардаашро ҷамъбаст кардаву чен мекунад ва ба хулосае меояд. Шумо ба чӣ хулоса расидед?
-Кӯҳистониҳо мегӯянд, ки ҷавон дар чилсолагӣ баъд калон мешавад, аммо ман хело барвақт калон шуда будам. Зеро боз ҳамин кӯҳистониҳо мегӯянд, ки “Сағера мардум, тез ба воя мерасад”. Ман ҳам аз сабабе, ки дар 9 – солагиам аз модар ятим мондаму дар интернатҳо ба воя расидам, зиндагиро хело барвақт дарк кардам.
–Модаратонро ба ёд меоред?

-Ҳар лаҳза, аммо мутаассифона, симои аслии модарам ба ёдам намондааст. Хира-хира саҳнаҳоеро бо ҳузури модарам ёд дорам. Зеро он солҳо дар авлоди мо сурат гирифтани занҳо маъмул набуд ва аз модари ман ҳам аксе ба ёдгор намондааст. Бинобар ин, солҳои сол ман акси актриса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Тамара Коковаро, ки дар «Тоҷикфилм» дар филмҳои «Зумрад», «Хокистари сӯзон», «Рояли сафед» ва чанд тои дигар нақш офаридааст, бо худам мегардонам ва бо тамошои он хумор мешиканам. Зеро аз рӯйи гуфти пайвандон модарам ба ӯ сахт шабеҳ будааст. Ҳамчунин, хешу табор мегуфтанд, ки янгаам ба модарам монанд аст, каси дигар мегуфт, ки зани мағозачӣ шабеҳи модарам будааст, худам то имрӯз ҳар зани зеборо бинам, чеҳраи модарамро ҷустуҷӯ мекунам… Ҳамон шеъри «Модар»-и устод Турсунзода бозгӯкунандаи ҳолати рӯҳии ман аст.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз модар рӯйи ту дар ёд нест.
–Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
-Асарҳои нонавиштаву нимнавишта зиёд дорам, ки болояшон кор мекунам. Ду повест ва чанд китобе дорам, ки бояд омодаи чоп кунам. Дар ҳамин шабу рӯз як китобамро ба чоп додам, ки борат аст аз ду сафарнома, яке сайри диёри устод Рӯдакӣ, дигар зиёрати мақбараи Шоҳи Хомӯш. Ин китоб чанд рӯз баъд ба дасти хонанда мерасад.
–Шумо дар мавриди шахсиятҳои зиёди таърихӣ матлаб ҷамъ меоваред, то имрӯз дар архиватон чӣ қадар мавод ҳаст?
-Хело зиёд, теъдодашро намедонам. Ин ба ман одат шудааст. Охирин маводе, ки имрӯз барои архивам гирифтам дар бораи Ковлер Анатолий Иванович, доктори илмҳои ҳуқуқ аст, ки аз ҷониби Владимир Путин вазифа гирифт. Ин шахс зодаи ноҳияи Сарихосори Тоҷикистон будааст.
–Фақат дар бораи корҳои эҷодӣ гуфтем. Дар мавриди ҳаёти оилавӣ фарзанду набераҳоятон чанд ҷумла бигуед.
-Ман дер, дар синни 30-солагӣ оиладор шудам. Ҳамсари шафиқу меҳрубон ва ду фарзанд: як писару як духтар дорам. Ҳар ду хатмкардаи риштаи алоқаи Донишгоҳи техникӣ ҳастанд, се набера дорам. Шукр.
–Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ ва бори дигар мавлудатон муборак бошад.
Мусоҳиб Одил Нозир
Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Умари Шерхонро бо ҷашни 60-солагӣ таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва дар корҳояшон барор мехоҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ