ШАҲРЕ, КИ АЗ ОВОЗА ОТАШ ГИРИФТ
(Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)
Рӯзи дигар Муродуллоҳ Шерализода ба Душанбе омад. Ҳанӯз аз дур садои издиҳом ба гӯш мерасид. Вақте ба марказ расид, шоҳид гашт, ки садҳо одамон дар назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ҷамъ омада буданд ва шиорпартоӣ доштанд.
Дар кӯчаҳо оромӣ ҳукмфармо, вале фазо пур аз нигаронӣ буд. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр як овоза садо медод: «Гурезаҳои арманӣ меоянд! Онҳоро дар хонаҳои нав ҷой медиҳанд!».
Овоза дар як шабу рӯз мисли оташ шаҳрро ба коми худ фурӯ бурда буд. Касе намедонист он аз куҷо сарчашма мегирад, аммо ҳама медонистанд, ки ин овоза ба дили мардум тарсу норозигӣ меандозад.
Шерализода миёни мардум мегашт, мехост дарёбад, ки ҳақиқат куҷост. Ӯ баъдтар дар ёддоштҳояш менависад:
«Ман ҳис мекардам, ки шаҳр нафастанг гаштааст. Мардум чизе мегуфтанд, ки худ ҳам ба он бовар надоштанд, аммо ҳамон шубҳа кофӣ буд, ки дилҳои оромро ноором созад».
Дар аввал ин гирдиҳамоӣ ором менамуд, ҷамъомадагон бо якдигар суҳбат мекарданд. Касе талаб мекард, ки «ҳақиқатро бигӯянд», дигаре бо овози баланд мегуфт: «Хонаҳоро ба мо диҳанд, чаро ба дигарон медиҳанд?».
Ҳеҷ шиори сиёсию дағалӣ набуд, танҳо изҳори норозигӣ садо медод.
РӮЗИ АВВАЛИ ЭЪТИРОЗ
Рӯзи якшанбеи 11-уми феврали соли 1990 Душанбе ба як саҳнаи интизорӣ табдил ёфт. Шаҳр, ки одатан рӯзҳои истироҳат орому камҳаракат менамуд, он рӯз пурошӯб буд. Сарусадоҳо, гуфтугузорҳо танҳо сари масъалаи хона додан ба арманиҳо давр мехӯрд.
Ҳеҷ кас дақиқ намедонист, ки чӣ ҳақиқате пушти ин ҳарфҳо ниҳон аст, аммо шуълаҳои аз оштони овозаҳо парида интизори як сӯхтор буданд.
Охири рӯз, мардум як-як ба сӯи майдони назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон равона мешуданд. Дар оғоз теъдодашон кам, вале то бегоҳ садҳо нафар ҷамъ омаданд.
Онҳо шиор надоштанд. Ин ҳанӯз оғози «сиёсат» набуд. Чеҳраҳо пур аз ноумедӣ ва ғазаби хомӯш буданд. Ҳама як чиз талаб мекарданд: ҷавоб ба саволи «Ба арманиҳо хона додан дурӯғ аст, ё ҳақиқат?».
Бегоҳӣ чанд намояндаи давлатӣ назди мардум баромаданд ва гуфтанд, ки масъала фардо баррасӣ мешавад. Соати 15:00 ҳамаи шикоятҳо шунида ва ҷавоб ба саволҳо дода мешавад.
Мардум ба ин ваъда бовар карданд. Онҳо оромона пароканда шуданд, бо умед, ки пагоҳ ҳақиқат кушода мешавад.
Аммо чаро фардо? Чаро имрӯз ҳақиқатро ба мардум нагуфтанд? Ӯ хост ба назди Қаҳҳор Маҳкамов дарояд. Аммо роҳ барои ӯ баста буд. Қаҳҳор Маҳкамов дар иҳотаи кормандони мақомоти амниятӣ қарор дошт. Танҳо бо иҷозаи раиси КГБ Петкел ба назди ӯ роҳ ёфтан имконпазир буд.
Баъдтар ӯ дар ёдоштҳояш менависад: «Ҳақиқат чизе нест, ки онро аз назари мардум пинҳон кунӣ. Гуфтани Ҳақиқатро ба таъхир намегузоранд».
Душанбе он шаб ором намуд. Аммо ин оромии пеш аз тӯфон буд. Як шарора кофӣ буд, то сӯхтор доман паҳн кунад.
Мардум бо умеди мулоқоти фардо пароканда шуданд. Аммо ҳамин умед, ҳамин интизорӣ, ки метавонист сабаби оромӣ гардад, дар ниҳоят ба фоҷиа табдил ёфт. Зеро рӯзи дигар на роҳбар, на каси дигар барои посух додан ба назди мардум набаромад.
Шаҳр мисли як кӯзаи пур аз оби ҷӯшон буд, ки гӯё сарпӯши он сахт маҳкам бошад. Дасти ноаён сарпӯшро боз сахттар пахш мекард ва оташи зери онро баландтар месохт. Ва ҳамин даст, ҳамин овозаҳо, ҳамин хомӯшии роҳбарон буд, ки Душанбе рӯзи дигар ба гирдоби ошӯб афтод.
РӮЗИ ФОҶИА
12-уми феврали соли 1990. Субҳи Душанбе. Шаҳр мисли ҳамеша аз хоб бедор шуд. Автобусҳо ба ҳаракат даромаданд, кӯдакон бо сумкаҳо сӯи мактаб, мардум ҷониби коргоҳҳо мешитофтанд. Аммо зери ин зиндагии одӣ як изтиробе пинҳон буд. Ҳама медонистанд, ки соати 15:00 мардум дубора назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ҷамъ хоҳанд шуд.
Аз субҳ дар назди бинои Кумитаи марказӣ низомиён пайдо шуданд. Аввал милисаҳо бо сипар ва калтакҳо, баъдтар сарбозон бо автомат. Онҳо зинаҳои дохили бино ва роҳравҳоро ишғол карданд.
Дар сари роҳ мошинҳои зиреҳпӯш истода буданд. Сукут ҳукмфармо буд, танҳо садои пойи сарбозон шунида мешуд. Пас аз нисфирӯзӣ мардум ҷамъ омаданд. Аввал бо оромӣ, баъд гурӯҳ-гурӯҳ. Чеҳраҳо пур аз умед буданд, ки имрӯз ҳақиқатро мефаҳманд.
Аммо Қаҳҳор Маҳкамов назди мардум набаромад.
Ӯ дар паси дарҳои бастаи Кумита менишаст. Ин дастур буд. Дастури раиси КГБ Владимир Петкел, ки ӯро аз мардум метарсонд: «Онҳо мусаллаҳанд, шуморо мепарронанд». Ва ҳамин тарс буд, ки роҳбарро дар паси девор нигоҳ дошт.
Мардум ба даромадгоҳи КМ наздик омаданд. Милиса бо сипару калтак роҳро баст. Аввал тела заданд, баъд калтакҳоро баланд карданд. Садои доду фарёд баланд шуд.

Аз дафтари хотироти Шерализода:
«Ман дидам, ки чӣ гуна ҷавони якдаста, бо сарпӯши сиёҳ, бо пешонии хунолуд аз замин бархост ва боз ба пеш қадам гузошт. Ӯ дигар наметарсид, чун қонуни нонавиштаи майдон буд: вақте хун рехт, тарс аз миён меравад».
Мардум ба зинаҳои бино роҳ ёфтанд. Ва дар ҳамин лаҳза тирпарронӣ оғоз шуд. Аввал садои як тир. Баъд ду тир. Сипас борони тир. Чанд нафар ба замин афтоданд. Хун рӯйи барф рехт, барф ба сурхӣ печид. Дод, фарёд, гурезу ҳангома. Тибқи маълумотҳо, дар давоми он рӯз 26 нафар кушта шуданд. Беш аз 400 нафар захмӣ гардиданд.
Душанбе дигар мисли пешин ором нашуд. Ва аз ҳамон рӯз роҳ ба сӯи ҷанги дохилӣ, тафриқаандозӣ, душмантарошӣ боз шуд, роҳе ки миллатро ба гирдоби хун, ашк ва ғаму андуҳ кашид.
СОЯҲОИ МАХФӢ
Фоҷиа рӯй дода буд. Аммо саволи асосӣ то имрӯз беҷавоб монд: кист, ки аввалин шуда барои тир кушодан ба сӯи мардум фармон дод?
Ҳарчи бештар рӯзҳо мегузаштанд, ҳамон қадар рӯшан мешуд, ки дар паси ин ошӯб дастҳои ноаён амал мекарданд. Дастҳое, ки на танҳо воқеаҳои майдонро идора мекарданд, балки ҳушу шуури мардумро низ ба самти мутааллиқ ба худашон мебурданд.
Шерализода дар ёддоштҳояш менависад:
«Ман дар майдон на танҳо садои тири автоматро шунидам. Ман тирҳои дигареро эҳсос мекардам. Тирҳое, ки ба мағзи мардум парронда мешуданд. Ҳар овоза, ҳар хабар мисли як тир буд».
Воқеан ҳам, ҳамон рӯзҳо овозаҳо бо суръати ғайримуқаррарӣ паҳн мешуданд. Гӯё дасте пинҳонӣ онҳоро роҳнамоӣ мекард.
Овозае, ки кӯдаки русро пора карданд.
Овозае, ки зани ҳомиларо ба дарё партофтанд.
Овозае, ки боғчаи кӯдаконро гаравгон гирифтанд.
Овозае, ки автовокзал ва корхонаи шароб месӯзанд.
Ҳар як овоза мардумро ба ваҳшат меандохт. Ва дертар маълум шуд, ки ҳамаи ин хабарҳо дурӯғ будаанд. Аммо дар он рӯзҳои пурташвиш ин овозаҳо мисли ҳезуми хушк буданд, ки ба рӯйи оташ мерехтанд.
Абдулло Назаров, яке аз афсарони собиқи КГБ, ки баъдан ба мақоми генерал расид, дар мусоҳибаҳои аввалини худ мегӯяд:
«Баҳманмоҳро худи Кумита созмон дода буд. Ҳадаф ин буд, ки ҷомеаро тарсонанд, ҳаракатҳои миллиро суст кунанд ва қудрати коммунистиро ҳифз намоянд».
Ин гуфтаҳоро Солеҳҷон Ҷӯраев, сардори гурӯҳи тафтиши рӯйдодҳои феврал низ тасдиқ мекунад. Ӯ борҳо ишора намуд, ки КГБ барои таҳти назорат нигоҳ доштани вазъият аз усулҳои дасткории равонӣ истифода бурд.
Саволи дигаре низ ба миён меояд: «Чаро ба Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС зарур буд, ки чунин фоҷиаро роҳандозӣ кунад?»
Таърихнигорон посух медиҳанд: «Солҳои охири ҳукмронии Шуравӣ буд, нишонаҳои суқут равшан мегаштанд. Дар ҷумҳуриҳо ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ қавӣ мешуданд. Маскав аз эҳтимоли ҷудо шудани онҳо ҳарос дошт. Дар чунин ҳолат беҳтарин роҳ барои ҳифзи қудрат тарсонидани мардум буд. Ва барои тарсонидан на танҳо тир, балки овозаҳо, таъсири равонӣ истифода мешуданд».
ҲУКУМАТИ ТАРСУ ВА РОҲБАРОНИ НОКОМ
Дар он рӯзҳои сарнавиштсоз Тоҷикистон роҳбароне дошт, ки мансаби баланд – «котиби якум», «раиси Шурои Олӣ», «раиси Шурои вазирон» доштанд, аммо рӯзе, ки миллат ба онҳо ниёзманд буд, худро паси девор гирифтанд.
Қаҳҳор Маҳкамов дар утоқи бастаи худ нишаста, ба ҳарфи сардори КГБ Владимир Петкел гӯш медод. Петкел ӯро аз мардум метарсонд.
– Онҳо мусаллаҳанд, – мегуфт,– шуморо мепарронанд.
Ин тарс ба қалби роҳбар роҳ ёфт. Ва роҳбар бо ҳамин тарс роҳи хунро кушод. Баъдан маълум шуд, ки на танҳо Маҳкамов, балки тамоми роҳбарони сатҳи аввал – раиси Шурои вазирон Иззатулло Ҳаёев ва раиси Шурои Олӣ Ғоибназар Паллаев низ дар паси парда нишаста будаанд. Ягон нафар ҷуръат накард, ки назди мардум барояд. Ҳукумат бо сукут ва пинҳон шудан аз саҳна мардумро танҳо гузошт. Дар он рӯзҳо, вақте ки майдон пур аз хун ва нолаи захмиён буд, роҳбарони кишвар дар қафои деворҳо паноҳ ҷуста, ба чашми мардум нанигаристанд. Ва ҳамин сукути роҳбарон боварии ҷомеаро ба давлат якбора шикаст.
Дар майдон бошад, низомиён бидуни роҳнамоии сиёсӣ амал мекарданд. Барои онҳо фармон аз боло бо як калима мерасид: «Оташ!». Ва тирҳо парронда шуданд.
Баъдтар, вақте ҳаво аз бӯйи борут олуда шуд ва ҷасадҳо рӯйи барф хобиданд, Петкел дар китоби хотироти худ менависад:
«Фармони оташро худи Маҳкамов дод».
Аммо тафтишот инро исбот накард. Маълум гашт, ки сарварии ин амалиёти махфиро худи намояндаи марказ, раиси Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон Владимир Петкел бар дӯш дошт. Ӯ ба ҳайси шахси калидӣ тамоми чораҳои амниятиро роҳнамоӣ мекард, аз пушти парда ҳаракатҳои неруҳои махсусро ҳамоҳанг месохт ва амрҳои ҳалкунанда медод. Ҳамин лаҳза равшан шуд, ки воқеа на танҳо як бетартибии кӯчагӣ, балки амалиёти тарҳрезишудаи мақомот буд, ки мақсади он нишон додани қудрат ва фишор ба ҷомеа буд.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ