Шеърҳо аз Дилрабо Насимӣ — Самарқанд

Шеърҳо барои кӯдакон

Қандакатро об бурдааст

Фиғоне дорад аз саҳар,

Хоҳарчаам Нилуфар.

Қандам, қандам, қандамро,

Ёфта медиҳед Шумо.

Ин дафъа ба пиёла ,

Қандак гузорад Зулола.

Нилуфар аз ин рафтор,

Хурсанд мешавад бисёр.

Аммо пас аз чанде боз,

Мекунад ӯ нузу ноз.

Қандаки ман куҷо шуд,

Бар шиками ки ҷо шуд?

Бобоям бо навозиш,

Аз Нилуфар кард хоҳиш.

Қандата кун фаромӯш,

Чойи ширин ту кун нӯш.

Қандакаш бисёр будаст,

Ҳамаашро об хӯрдааст.

***

Баҳона

Модарҷони дурдона,

Дуди хонаи хола.

То поси шаб нуҳуфта,

Самбӯсаҳое пӯхта .

Либоси нав пӯшида,

Сурмаи тар кашида.

Дурдонаҷон ҳушёр шав,

Бибиҷонро дастёр шав.

Гирён модар аз хона ,

Шуда сӯи дарвоза.

Садоҳои «оҳ» ва «оҳ»

Ӯро боздошта аз роҳ.

Дурдона рӯй даҳлез,

Мекард бисёр шину хез .

Саракам мекунад дард,

Дасту поям шуда сард.

Модараш акнун ҳайрон,

Меҳмонӣ равад чӣ сон?

Хулоса модар аз ҷон,

Ҳамроҳ гирифта Дурдон.

Дар донаҳои хома,

Бинӯшид «фанта»- хола.

Бемории Дурдона ,

Будаст фақат баҳона.

***

 Аз модарам метарсам

Баҳри ману Фарзона,

Хонд бибиям афсона .

Очахаргӯшаке буд,

Чину хамӯшке буд.

Як бачаяк илло дошт ,

Шӯху гапнодаро дошт.

Ба касе гӯш намекард,

Ҳарчиро хуш намекард.

Рӯзе ба ҷонаш расид,

Бачаашро сахт газид.

Модар гардид саргаранг,

Асабҳояш шуд таранг.

Меҳру муҳаббаташ мурд,

Харгӯшакро фурӯ бурд.

Аз ин гуфтори момо,

Даҳони ӯ гардид во.

Шӯру моҷаро накард,

Ба ҳар кор ғавғо накард.

Вақти хоб шуд, азизам,

Хитоб намуд бибиям.

Акнун назди очат рав,

Хоб кун осуда шаб.

Фарзона гуфто на, на ,

Очам маро мехӯранд.

شعرها از دلربا نسیمی- سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *