Шинос шавед: Кадрҳои тозатаъин дар мақомоти милитсияи Душанбе, Бадахшон ва Хатлон
Имрӯз, 5-уми ноябр дар мақомоти милитсияи Тоҷикистон тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Ҳамин тариқ:
– полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори Раёсати татфишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Ҷабборзода Илҳом Саттор ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон;
– полковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
– подполковники милитсия Ҳамидзода Умед Шарифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушони ВМКБ;
– подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвалӣ Турахон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Ғаффорзода Абдурауф Абдуҷаббор ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон;
– майори милитсия Пирмуҳаммадзода Ғолиб Пирмуҳаммад ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе;
– майори милитсия Икромзода Саидҷаъфар Музаффар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ