Тағироти кадрӣ дар Бадахшон. Кӣ, чӣ мансаб гирифт?

Тағироти кадрӣ дар мақомоти ВМКБ тасдиқи худро ёфт. Кадрҳои тозаъинро Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ дар шаҳри Хоруғ имрӯз, 5 ноябр муаррифӣ кард.

Ҳамин тариқ, Ёдгор Файзов аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор ва ба ҷойи Алишер Мирзонабот таъин шудааст.

Нилуфар Асламшоева, ки то ин вақт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ буд, ба ҷойи Назира Амирбекзода муовини раиси ВМКБ, Ризо Назарзода раиси шаҳри Хоруғ таъин шудаанд. Ризо Назарзода то расидан  ба ин мақоми тозатаъин дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ёдгор Файзов, Назира Амирбекзода  то ҳол баъди барканорӣ ба ягон мақоме таъин нашудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *