Ширкати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Дастаи мунтахаби шатранҷбозони Тоҷикистон иборат аз 12 нафар, аз ҷумла 6 зану 6 мард, дар Олимпиадаи ҷаҳонии шатранҷ дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ширкат доранд.

Ба дастаи бонувон Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева шомиланд. Ҳайати дастаи мардонаи кишвар аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев иборат аст.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон пирўзии дуюми худро ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон бар дастаи Барбадос бо ҳисоби 4:0 пирўз шуд. Ҳоло дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз 4 холи имконпазир 2 хол дорад. Шатранҷбозони тоҷик як рўз пеш бар дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 пирўзии аввалини худро ба даст оварданд. Рақиби навбатии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон Ирландия хоҳад буд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон пас аз ду пирўзии аввал ду маротиба пайи ҳам аз Белгия ва Словакия шикаст хўрд. Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон аз 4 холи имконпазир 2 хол дорад ва рақиби навбатии он Суринам хоҳад буд. Мусобиқа, ки дар он намояндагони 186 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, то 10-уми август идома хоҳад кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.