Ширкати муштзанҳои тоҷик дар «Winline.IBA.PRO 8»
22-юми июл дар шаҳри Душанбе шоми бокси мусобиқаи «Winline.IBA.PRO 8» баргузор мегардад, ки дар он муштзанҳои тоҷик барои ҳимояи унвон ба ринг мебароянд.
Чемпиони Осиё дар соли 2019 ва соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов (10-0, КО 5) аз Тоҷикистон 22-юми июл дар шаҳри Душанбе барои ҳимояи унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабук бо Кристофер Муафо (11-1, КО 6) аз Камерун, ки дар зинаи панҷуми раддабандии WBO қарор дорад, мубориза мебарад. Кристофер Муафои 29-сола дар Швейтсария зиндагӣ мекунад ва аксари набардҳои касбии худро дар ҳамин кишвар баргузор кардааст. Дар моҳи сентябри соли 2024 Муафо камарбанди WBO Global-ро ба даст оварда буд.
Инчунин дар ин рақобат барои камарбанди WBO Intercontinental низ мубориза сурат хоҳад гирифт. Ин набард аз 10 раунд иборат буда, рақобати асосии мусобиқаи «Winline. IBA.PRO 8» маҳсуб мешавад, ки дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Дар рақобати дуюми муҳими мусобиқаи «Winline. IBA.PRO 8» дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2024 Давлат Болтаев (4-0, КО2) барои унвони IBA.PRO Intercontinental бо муштзани Нигерия Соломон Адебайо (14- 0, КО 13) дар муборизаи 8-раунда рақобат хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи асосии «IBA.PRO 8» финалисти чемпионати ҷаҳон-2021 аз Русия Вадим Мусаев (12- 0, КО 8) барои камарбанди IBA.PRO Intercontinental дар вазни то 67 кг бо муштзани Мексика Хосе Мигел Боррего (22 – 4, КО 18) рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ