Ширкати паҳлавонони Тоҷикистон дар Baku Grand Slam 2022

Аз 4 то 6-уми ноябр дар пойтахти кишвари Озарбойҷон — шаҳри Боку мусобиқаи байналмилалии ҷудои Baku Grand Slam 2022 баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа 391 варзишгар, аз ҷумла 227 мард ва 164 зан аз 64 кишвари дунё ширкат мекунанд. Онҳо дар 14 намуди вазн (7 миёни мардҳо ва 7 миёни занҳо) баромад мекунанд.

Тоҷикистонро дар Baku Grand Slam 2022 паҳлавонон Муслимбек Каримов ва Муҳаммад Маҳмадизода (60 кг), Каюмарс Норов ва Муллораҷаб Халифаев (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Абубакр Шеров (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Рамзулло Мирзоев (100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Ҳазинаи ҷоизаи Baku Grand Slam 2022 154 ҳазор евро аст. Барои ғолибон 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 ва барои ҷойҳои сеюм 1500 евро муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *