Шоҳрух Саидзода: Нозирон бо шаҳрвандон хушмуомила бошед!

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода дар як ҷаласа нозирони минтақавии пойтахтро ба иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ даъват намуд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон ва ҳайати шахсии нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Сардори мақомоти милитсияи пойтахт нозирони минтақавиро ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва муносибати хубу хушмуомила будан бо шаҳрвандон даъват намуд.

Инчунин, дар ҷаласа камбудиҳои ҷойдошта дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, риояи одоби шаҳрдорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими самти хизмат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *