Шоҳҷоиза насиби кӣ мешавад?

Имрӯз,  15-уми ноябр, соати 15:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. 

Гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, имсол дар даври якуми озмун дар ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, 3506 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *