Шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Султонмуроди Одина даргузашт

Султонмуроди Одина шоир, нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Суҳроби Зиё дар саҳифаи Facebook-и худ хабар додааст.

Маросими ҷаноза имрӯз, 15 январ, пас аз намози пешин дар деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Султонмуроди Одина 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Ӯ солҳои аввал ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт фаъолият намуда, аз 1980 то 2023 дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати шаҳри Ҳисор кор кардааст.

Ӯ солҳои 1990-1994 узви комиссияи таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон ва солҳои 1994-1995 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ буд.

Султонмуроди Одина муассиси маҷаллаи “Маорифи Ҳисор” ва аз соли 2012 то охирин рӯзҳо сармуҳаррири маҷаллаи “Ҳисори зарнисор” буд.

Марҳум муаллифи даҳҳо китобу маҷмуаҳои шеърӣ ва насрӣ буда, осори ӯ соҳаҳои адабиёт, публисистика, ҳуқуқ ва тарбияро фаро мегиранд. Аз ҷумла, китобҳои “Родмарди Ҳисорӣ”, “Дарёдил”, “Тобишҳои зиндагӣ”, “Бозтоби тақдир” ва маҷмӯаҳои шеърии “Шукрона”, “Дарди дил”, “Меҳроби умед”, “Боли орзу” аз маъруфтарин осори ӯ ба ҳисоб мераванд.

Ёдовар мешавем, ки Султонмуроди Одина барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода гардида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *