Шумораи қурбониёни тирандозӣ дар Техас афзоиш ёфтааст

Қурбониёни тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар шаҳри Ювалдеи штати Техаси Амрико ба 21 нафар расидааст.

Грег Эббот, раиси штати Техас эълон кард, ки сешанбеи 24-уми май   ҷавони 18-сола дар як мактаби ибтидоӣ тирандозӣ кард ва чандин кӯдак ва муаллимро кушт ва чанд нафари дигарро захмӣ кард. Гуфта мешавад, ки тирандоз низ кушта шудааст.

Шахси ҳамлакунанда эҳтимол бо як туфанг вориди мактаби ибтидоӣ — Robb Elementary School дар шаҳри Ювалде шуд ва тирандозӣ кард. Мақомоти Техас ҳанӯз ангезаҳои даст ба ин кор задани фарди ҳамлакунандаро эълон накардаанд ва танҳо маҳали зисти ӯро ошкор кардаанд.

Ҳокими Техас изофа кард, ки фарди ҳамлакунанда эҳтимолан аз тири неруҳои пулис кушта шуд ва таҳқиқ дар робита ба ин ҳодиса идома дорад.

Мақомоти пулис дар шаҳри Ювалде низ эълон кардаанд, ки ин шахс ба танҳоӣ ин ҳамларо анҷом додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.