Аз ҳуқуқшинос то ҳамсари Президент. Силия Флорес кист?
Силия Флорес, сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси маъруфи Венесуэла, яке аз чеҳраҳои калидии ҳукумати ин кишвар дар даҳсолаҳои охир ва ҳамсари президенти рабудашудаи Венесуэла Николас Мадуро мебошад.
Силия Флорес 15 июни соли 1956 дар шаҳри Каракас ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти олиро дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба анҷом расонида, солҳои аввал ҳамчун вакили дифоъ фаъолият кардааст. Фаъолияти касбии ӯ дар бахши ҳуқуқ ба шаклгирии дидгоҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мусоидат намуд.
Флорес ба сиёсат дар замони болоравии ҳаракати боливарии Уго Чавес ворид шуд. Ӯ яке аз ҷонибдорони фаъоли Инқилоби Боливарӣ буд ва ба Ҳизби сотсиалистии муттаҳидаи Венесуэла (PSUV) пайваст.
Яке аз марҳилаҳои муҳими фаъолияти сиёсӣ- интихоби Силия Флорес ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Венесуэла дар солҳои 2006–2011 мебошад. Ӯ аввалин зане буд, ки ин мақоми баландро ишғол кард. Дар ин давра Флорес аз сиёсати ҳукумат, ислоҳоти конститутсионӣ ва густариши нақши давлат дар соҳаҳои калидии иқтисод ҳимоят мекард.
Пас аз марги Уго Чавес ва ба қудрат расидани Николас Мадуро, нақши Силия Флорес дар сиёсати кишвар боз ҳам пурзӯр шуд. Ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси миллӣ, инчунин мушовири наздики президент фаъолият бурд. Дар солҳои гуногун вай дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ саҳм гузоштааст.
Нақш ҳамчун бонуи аввали кишвар
Бо президенти Венесуэла шудан Николас Мадуро, Силия Флорес ба таври ғайрирасмӣ бонуи аввали кишвар шинохта мешавад. Ӯ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, аз сиёсати хориҷии ҳукумат ва мавқеи Венесуэла дар арсаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунад.
Фаъолияти Силия Флорес, мисли дигар чеҳраҳои калидии ҳукумати Венесуэла, ҳамеша бо баҳс ва танқид ҳамроҳ будааст. Мухолифон ӯро ба истифодаи нуфузи сиёсӣ ва наздикӣ ба президент муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки ҷонибдоронаш Флоресро сиёсатмадори таҷрибадор ва ҳомии суботи сиёсӣ медонанд.
Силия Флорес яке аз занони таъсиргузори сиёсат дар Амрикои Лотинӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ӯ аз ҳуқуқшиносӣ оғоз ёфта, то баландтарин зинаҳои қудрати сиёсӣ расидааст. Ӯ дар таърихи сиёсии Венесуэла ҳамчун аввалин зан – раиси Маҷлиси миллӣ ва яке аз сутунҳои асосии ҳукумати Николас Мадуро ҷойгоҳи хосро соҳиб буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ