Сипосномаи сафири Амрико ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро қадрдонӣ кардааст.

Бино ба иттилои ДДЗТ, аз ҷониби сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои ҳамкории самарабахш бо лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” барои бардоштани иқтидори омӯзгорони забони англисӣ ва беҳтар намудани таълими забони англисӣ дар кишвар бо сипоснома қадрдонӣ гардидааст.

— Ректор, профессор Жило Гулназарзода дар чорабинии бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба декани факултети забони англисӣ, дотсент Зубайдулло Мусоямов сипосномаро тақдим карда, ба ӯ ва ҳайати кормандону омӯзгорони факултет ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва забономӯзии донишҷӯён барору комёбӣ таманно намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *