“Ситораи сурх” дар рӯихати мукофотҳои “пулгир” нест

Дар Маркази матбуотии агентии “Ховар” нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баргузор гардид,ки дар он роҳбари ин сохтор Дилмурод Давлатзода ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба таъини нафақа ва мушкилоти он савол доданд. Ӯ ба саволи он,ки чаро имруз нафақаи соҳибкорон паст аст, ҷавоб дод,ки воқеан ҳам пас аз ислоҳот дар низоми таъини нафақа аз сабаби он,ки соҳибкорон ба фонди нафақа ҳисобот намедиҳанд, чунин ҳолат ба миён меояд. Давлатзода ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон” оид ба он, ки нафақгироне,ки пас аз нафақа кор мекунанду ба фонди нафақа маблағ месупоранд, дар оянда оё аз ин маблағ ҳисса мегиранд, чунин ҷавоб дод: “Дар ҳолати ба фаъолияти меҳнатии худ идома додани нафақагир ӯ метавонад пас аз ду соли ба нафақа баромаданаш ба сохторҳои нафақа бо ариза муроҷиат намояд ва нафақаи ӯ аз сари нав ҳисоб карда мешавад. Ин чизро қонун кафолат медиҳад”. Тавре роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, аз дар асоси супориши Президент нафақаи маъюбон то 50 фоиз зиёд карда мешавад ва онҳое, ки баъд аз соли 2017 нафақагир шудаанд, сатҳи нафақаашон ба он нафароне, ки то он сол баромадаанд, баробар хоҳад шуд. Ҳачунин , тамоми намудҳои нафақа аз моҳи сентябр то 15 фоиз баланд карда мешавад. Ба саволи он,ки чаро барои мукофотҳои замони Шӯравӣ, аз ҷумла ордени “Ситораи сурх” иловапулӣ дода намешавад, Давлатзода гуфт,ки ин мукофот ба рӯихати мукофотҳое,ки барои онҳо иловапулӣ дода мешавад, ворид нагардидааст. Ҳамчунин , Директори агантӣ ба саволҳои дигари хабарнигорон ҷавоб гуфта, Қонуни нави нафақа ва дар кадом асос таъин гардидани он шарҳу эзоҳ дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.