Смартфонҳо VSтелефонҳои тугмачадор: «имкониятҳои рақамӣ» ғолиб меоянд!

Зиёдшавии дастрасии интернети мобилӣ ва хизматрасониҳои  қулайи рақамӣ одатҳои корбаронро  тағйир медиҳанд. Сокинони кишвар бештар ба смартфонҳо бартарӣ медиҳанд ва  телефонҳои тугмачадор  зуд маъруфияти худро аз даст медиҳанд.    

Дар байни ҷавонони синнашон аз 18 то 24-сола аксарият аз хизматрасониҳои  телекоммуникатсионӣ тавассути   смартфонҳо истифода мебаранд. Дар ин категорияи синну солӣ аз сад нафар танҳо якчанд кас  телефонҳои тугмачадор доранд. 

Ҳиссаи  назарраси  смартфонҳо дар дасти  муштариёни аз 25 то 34-солаи ширкати  «МегаФон Тоҷикистон»  дида мешавад.   Истифодабарандагони синнашон аз 35 то 49 сола низ тахминан ба  онҳо наздиканд. Барои муштариёни ин категория  хушхабаре ҳаст. Дар соли 2025 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ)   маҳдудияти синну солро боло бурда,  ашхоси  то 45-соларо ба гурӯҳи  ҷавонон мансуб медонад.   Ва ин тасмими дуруст аст, зеро  онҳо ҳам  ба технологияҳои  нав  шавқу ҳавас доранд ва  аз онҳо  фаъолона истифода мебаранд.  Барои бисёриҳо смартфон аллакай  танҳо воситаи  муошират набуда, балки олоти  корӣ ва «воситаи вуруд» ба олами фароғат маҳсуб меёбад.        

Рақамҳо дар гурӯҳҳои калонсолон низ  ҷолибанд. Бар хилофи тасаввуроти  маъмулӣ дар бораи одамони солхӯрда, дастгоҳҳое, ки барои истифодаи фаъоли интернети мобилӣ пешбинӣ шудаанд, дар байни онҳо  пешсафанд. Тибқи тадқиқоти оператор, ҳатто дар категорияи синну соли «65+» ҳамагӣ сеяки муштариён аз дастгоҳҳои тугмачадор истифода мебаранд.     

Асосан дар фазои интернетӣ  гурӯҳҳои калонсол ба муошират тавассути паёмрасонҳо  ва тамошои  видеоконтентҳо афзалият медиҳанд.    Бо мақсади қонеъ гардонидани  шавқу ҳаваси мизоҷон,  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои онҳо пешниҳодҳои  муфид  таҳия мекунад. Дар байни онҳо хизматрасонии  «Oila TV», ки 170 шабакаи телевизионӣ, инчунин беш аз 100 ҳазор филму силсилафилмҳоро дар бар мегирад,  ва бастаҳои интернетии силсилаи  «MIX», ки барои  интихоби ҳаҷми  зарурии трафик имкон медиҳанд,   маъмуланд.     

Муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар аз кадом дастгоҳҳо истифода мебаранд? Брендҳои маъмултарин Samsung, Xiaomi, Apple ва Huawei мебошанд. Афзалият ба смартфонҳои категорияи нархашон  миёна ва баланд дода мешавад, ки суръати баланди кори ҳама гуна хизматрасониҳои   рақамиро таъмин мекунанд.       

Ҷолиб он аст, ки дар ҳар як категорияи синну соли муштариён ҳиссаи  начандон зиёди симкортҳо на ба смартфонҳо  ё телефонҳои тугмачадор, балки ба  дастгоҳҳои дигар, ба монанди планшетҳо, дастбандҳои фитнес ва системаҳои «Хонаи ҳушманд»,  ки  бо  интернети мобилӣ  фаъолият мекунанд, рост меояд.  Бо назардошти афзоиши ҳиссаи гаҷетҳое, ки барои таҳвили  маълумот пешбинӣ шудаанд,  дар байни тарофаҳои оператор бештар ба  «Биё! Бисоз Life»    афзалият дода  мешавад.       Зимнан,  аксарияти   муштариён  ҳангоми  «сохтани» тарифаи худ  бастаҳоро бо ҳаҷми зиёди трафики  интернет интихоб мекунанд, то ки ба Шабакаи умумиҷаҳонӣ дасрасии мукаммал  дошта  бошанд. Дар байни хизматрасониҳои  интернетӣ бошад, сервиси  «Интернет барои ҳар ҳолат», ки ҷиҳати пайвасткунии то се  SIM-корти иловагӣ ва идоракунии гаҷетҳои гуногун имкон медиҳад, маъруфияти худро  нигоҳ медорад.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *