Соҳиб Назриев: Ҳунар дар хуни ман аст

Овозхон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири идораи мусиқии радиои “Ховар” Соҳиб Назриев соли 1977 дар ноҳияи Дарвоз  ба дунё омада, дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Пас аз хатми мактаб таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, факултети таърих ва ҳуқуқ идома додааст. Аз сабаби он ки дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст, ҳунар ва шавқи ҳунарманд шудан аз овони хурдӣ дар дилаш ҷой гирифта буд. Оилаи Назриевҳо — Абдулло Назриев, Исмоил Назриев ва Давлат Назриев дар миёни мардум шуҳрату мақоми хоса доранд. Соҳиб дар навохтани асбобҳои мусиқӣ огоҳии хуб дошта, алалхусус тори помирӣ ва гиторро хуб навохта метавонад. Ӯ ба саҳна солҳои 2012-2015 ворид гардида, дар муддати кӯтоҳ ба дили ҳаводорони савту наво ҷой гирифтааст.

Возможно, это изображение один или несколько человек, люди стоят, костюм и на открытом воздухе

Соҳиб Назрӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистон, Ӯзбекистон, Русия ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон низ шуҳрат пайдо кардааст. Сурудҳои Соҳиб ба руҳу ҷони инсон таассуроти хоса мебахшанд. Бештар васфи ишқу ҷавонӣ, зиндагӣ, падару модар мекунаду аз таблакҳои афғонӣ, най ва дигар асбобҳои мусиқии осиёӣ васеъ истифода мебарад. Соҳибро ҳаводорони ҳунари асил бо сурудҳои ”Беқарорам имшаб “, “Духтари тоҷик”, “Нола гиря”, “Ошиқон”, “Ба ғами ишқ мубтало нашавед”, “Баҳори ошиқон” мешиносанд.

— Аз ибтидои фаъолияти худ мегуфтед?

— Азбаски дар оилаи санъаткор ба воя расидаам, бисёр ба санъат наздик будам. Ҳар рӯз дар хонаи мо базму суруд буд, ҳамроҳи падар ва бобои бузургам ба тӯю маъракаҳо мерафтем, албатта он вақтҳо тӯю маъракаҳо дигар хел буд. Пеш аз маърака ғазалхонӣ мешуд, баъд суруду рақс баргузор мегардид, ман аз ҳамон овон ғазал мехондам. Зарра зарра ин шавқ маро ба сӯи ҳунару ҳунармандӣ оварда расонид. Шавқи дар дил доштаам ва бо дастгирии бобову падарам дар ин самт барои худ роҳ кушодам.

— Аз сурудҳои бобоятон кадомеро бозхонӣ кардаед?

 — Имрӯзҳо аксари ҳунармандон ба бобои ман пайравӣ намуда, сурудҳояшонро бозхонӣ мекунанд. Ман низ чор-панҷ сурудро аз ашъори бобоям бозхонӣ кардаам. Суруди бобоямро мегираму бо каме тағйирот дар шакли эстрадӣ месароям, лекин дар чаҳорчӯбае, ки бобоям мехостанд.

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и гитара

— Матни сурудҳоятонро кӣ интихоб мекунад?

— Ман сурудҳоро бештар худам интихоб мекунам. Матнро аввал интихоб намуда, баъд ба оҳанг мегузорам. Бархе аз сарояндаҳо аввал оҳангро интихоб мекунанд ва баъд матнро, ки ин албатта нодуруст аст. Ман ҳар матнеро, ки писандам ояд, барои худ мегирам ва ба падарам нишон медиҳаму аз он кас маслиҳат мепурсам. Бештар аз ашъори Мавлоно, Мушфиқӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ғазалҳо интихоб карда, ба оҳанг медарорам. Эҷодиёти ин бузургон бениҳоят фалсафаи баланд дошта, дар дили мухлисон ҷой меёбад.

— Суруде, ки дар дили мухлисон ҷой гирифтааст “Ба ғами ишқ мубтало нашавед” чӣ таърихеро дар бар мегирад?

— Ман сурудҳоеро бозхонӣ кардаам, ки матни хуб доранд. Яке аз ин сурудҳо “Ба ғами ишқ мубтало нашавед” аст. Пеш аз ман чандин нафар аз ҳунармандони худамон ва хориҷӣ ин сурудро сароида буданд. Мо сабки мусиқиашро тағйир дода, онро бозхонӣ кардем. Аслан ин оҳанги афғонӣ аст, ки ҳунармандони ҳамсоякишвар  низ онро бисёр сурудаанд. Баъди бозхонӣ кардани ман баъзеҳо мегуфтанд, ки ту ин сурудро хондӣ, ин ҳунарманд хондааст, вай ҳунарманд хондаасту дигару дигар. Вақте ки сурудеро бозхонӣ мекунӣ, ту бояд онро дар сатҳе бихонӣ, ки баробари суруди он ҳунарманд бошад ё болотар аз он. Фикр мекунам, ин сурудро тавонистам бо оҳанги худам дар дили мардум ҷой диҳам. Аз он сурудҳое, ки бозхонӣ кардаам, масалан вақте аз эҷодиёти ҳунарманди “Алмоси Шарқ” Аҳмад Зоҳир сароидам, каме мусиқиашро тағйир додаам. Медонам, ки ҳеҷ кас ба ҳунару истеъдоди Аҳмад Зоҳир баробар шуда наметавонад, вале кӯшиш кардаам то аз сатҳи ӯ пасттар насароям. Суруди “Ай дил, ай дил“-ро Аҳмад Зоҳир бо сабки махсус сароидааст. Ман онро дар як маҳфил шунидаву писандидам ва каме оҳангашро тағйир дода, сароидам. Фикр мекунам, ки ин суруд низ тавонист ба дили ҳаводорон роҳ ёбад.

— Агар сӯи ҳунар намерафтед, кадом самтро интихоб мекардед?

— Ман донишгоҳро бо ихтисоси таъриху ҳуқуқ ба итмом расонидаам, вале азбаски ҳунар дар хунам ҷой гирифта буд, маро ба самти худ кашид.

— Журналист, сароянда, эҷодкор ҳастед, бар замми ин, аз санъати мусиқӣ низ воқиф будаед?

— Ман навохтани қариб ҳамаи асбобҳои мусиқиро бо роҳнамоии падар аз худ намудаам, дар сатҳи олӣ набошад ҳам, аз сатҳи миёна болост.

— Мехоҳед фарзандатон идомадиҳандаи роҳи падар гардад?

— Дар хуни онҳо санъат нуҳуфтааст, хоҳам нахоҳам, онҳо ба ин роҳ мераванд. Гоҳо хоҳиш мекунанд, ки падар навохтани асбобҳои мусиқиро ба мо омӯзон, вале ман дар ҷавоб мегӯям, вақташ ки расид, ёд мегирӣ, ҳамааш мешавад. Айни замон фарзандон бояд танҳо дар фикри дарсу хондан бошанд.

— Душвор нест фаъолият дар чанд соҳа?

— Ростӣ, ман ҳунарро касб накардаам, ин ҳунари бобоӣ аст, ки дар хунам ҷой гирифтааст. Мегӯянд ба як мард чил ҳунар кам аст, ман ин масалро шиори худ қарор дода, пайваста мекӯшам дар самтҳои гуногун фаъолият дошта бошам. Хостам аз саҳнаву ҳунар каме дур гардам, вале ба ҳар самте, ки рафтам, боз дубора ба санъат баргаштам. Аввалин сабтамро баъди муаррифӣ шуданам дар телевизиони Сафина ба намоиш гузошта буданд. Аслан аз замони мактабхониам дар чорабиниҳои мактабӣ ширкат мекардам, аз хурдӣ бештар ба сурудҳои эстрадӣ шавқу завқ доштам, сурудҳои Далер Назар ва Аҳмад Зоҳирро гӯш мекардам. Воқеан душвор аст дар чанд самт будан, аммо ман ҳамеша мекӯшам, ки аз уҳдаи ҳамааш бароям.

— Оё лаҳзаҳое буд, ки сурудхониро тамоман бас кардан мехостед?

— Бале, буд ва то ҳол ҳаст. Ҳунарманд будан бисёр кори душвор, агар хоҳӣ, ки сурудат хуб барояд, барои вай бояд бисёр заҳмат бикашӣ. Азбаски фаъолиятҳоям зиёд аст, бештар аз нарасидани вақт танқисӣ мекашам, танзими оҳангу суруд вақти зиёдро талаб мекунад.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.