Соҳибкор Неъматулло Ҳаитов дар пойтахт кӯдакистон сохт
Соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо харҷи 20 миллион сомонӣ кӯдакистони замонавии чорошёна бунёд кард.
Имрӯз, бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ин иншоот расман мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин муассисаи томактабӣ бо инфрасохтори муосир ва шароити беҳтарин барои омӯзишу тарбияи кӯдакон муҷаҳҳаз гардида, дар он таълиму парасторӣ бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, иқдоми соҳибкор дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи таълиму тарбия барои насли наврас амалӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, кӯдакистон дорои синфхонаҳои омӯзишӣ, хобгоҳ, толори варзиш ва ҷойҳои бозии кӯдакона буда, зиёда аз 200 кӯдакро дар бар хоҳад гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ