Соҳибкорони Чин дар Хатлон корхона месозанд

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо чанде аз соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот кардааст. Мақсади асосии ин мулоқот бунёди корхонаҳои саноатӣ гуфта шудааст.

Давлаталӣ Саид дар ин вохурӣ таъкид кардааст, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоятҳо дар кишвар буда, 36 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Ӯ гуфтааст, ки ин минтақа ҳамчун вилояти аграрӣ ба ҳисоб рафта, 60 дарсади маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар минтақаи мавриди назар истеҳсол мегардад.

Соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии мардумии Чин дар масъалаи бунёди корхонаи коркарди пӯсту пашм, меваю сабзавот ибрози назар намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *