Сохтмони осорхона дар маркази ноҳияи Ҷайҳун расман оғоз шуд

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. ва собиқадорони меҳнат ба оғози сохтмони осорхона, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад, санги асос гузоштанд.

Бино ба иттилои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун, осорхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун сохта мешавад.

Дар рафти корҳои сохтмон беш аз 20 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда шуда, осорхона бо дарназардошти унсурҳои шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд мегардад.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. зимни суҳбат бо собиқадорони меҳнат бунёди онро дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кардаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *