Сокини Тошканд барои шикоят аз болои Трамп дар бораи рабуда шудани Мадуро ҷарима шуд

Додгоҳи шаҳри Тошканд як сокини Узбекистонро барои занги бардурӯғ ба пулис бо шикоят алайҳи президенти ИМА Доналд Трамп ҷарима кард. Ҳаҷми ҷарима 1 миллиону 230 ҳазор сӯм (тақрибан 100 доллар) мебошад.

Тибқи маводи парванда, мард дар ҳолати мастӣ ба Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд занг зада, хостааст нисбат ба президенти ИМА бо сабаби рабуда шудани президенти Венесуэла Николас Мадуро ариза қабул карда шавад. Кормандони полис ба ӯ пешниҳод карданд, ки барои пешниҳод кардани аризаи расмӣ ба наздиктарин шуъба ҳозир шавад, аммо ӯ наомадааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ мард гуноҳи худро эътироф намуда, изҳор доштааст, ки маст будааст, маънои зангашро ба хотир намеорад ва аз паёмадҳои эҳтимолии амалаш огоҳ набудааст.

Додгоҳ амали ӯро тибқи моддаи 199 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Узбекистон «даъвати бардурӯғи қасдонаи хадамоти махсус» арзёбӣ намуда, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда, яъне 1,23 миллион сӯм таъин кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *