Соли 2025 савдои Тоҷикистон бо Покистон коҳиш ёфт
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Покистон дар соли 2025 ба 43 миллион доллар расид, ки нисбат ба солҳои гузашта коҳишро нишон медиҳад.
Тавре аз маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон бармеояд, аз ин ҳаҷм тақрибан 12 миллион доллар ба содирот ва беш аз 31 миллион доллар ба воридот рост меояд.
Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муомилоти тиҷоратӣ бо Покистон нисбатан камтар содирот ва бештар воридот анҷом медиҳад. Таносуби содирот ба воридот тақрибан 0,39 (ё 39%) буда, Тоҷикистон дар ин самт аз Покистон каме вобастатар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ