“Сомон Эйр” парвозҳоро ба Теҳрону Ҷидда аз сар мегирад
Аз 14 июл ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе – Теҳрон – Душанбе барқарор мекунад.
Парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзи душанбе ва ҷумъа анҷом мешаванд. Инчунин, аз 20 июл парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Ҷидда – Душанбе оғоз меёбанд:
– дар моҳи июл – як парвоз дар як ҳафта (рӯзи якшанбе),
– аз моҳи август – ду парвоз дар як ҳафта (рӯзи ҷумъа ва якшанбе).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ