$5,1 млрд cармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон

Чин аз соли 2007 то 6 моҳи соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, ҳудуди 2,9 млрд доллар (57,4%) аз ин маблағгузориро сармоягузориҳои мустақим ва 2,2 млрд долларашро (42,6%) дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад.

Султон Раҳимзода ин маълумотро ҳангоми аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шудани Созишнома дар бораи ҳавасмандсозии мутақобила ва ҳифзи сармоягузориҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин изҳор доштааст.

Ӯ зикр кардааст, ки сармоягузориҳои Чин асосан ба саноати истихроҷ ва коркард, иктишофи геологӣ, саноати сабук, алоқа, сохтмон, насби таҷҳизот ва дигар соҳаҳо равона шудаанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 700 ширкат бо сармояи Чин фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *