Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

НАШРИЁТИ “МАОРИФ”: ДАР ХИЗМАТИ ДОНИШ

Вақте ман дар нашриёти “Маориф” ба кор оғоз кардам, дари дунёи пурмасъулияту муқаддаси илму маърифат ба рӯям боз шуд. Ин макон қалби низоми таълимии Тоҷикистон буд, ки бо зеҳни қаламкашон ва муҳаррирон барои насли оянда роҳу равиш меофарид. Нашриёт боргоҳи маънавӣ буд, ки дар он ҳар ҳарф санҷида мешуд, ҳар ҷумла бори маънӣ мекашид ва ҳар китоб барои хонанда роҳ бунёд мекард.

Муҳаррирон, ки ман бо онҳо ҳамкорӣ мекардам, таҷрибаи ғании таҳия ва таҳрири китобҳои дарсиро доштанд. Онҳо бо муаллифони китобҳо – олимон, омӯзгорон ва коршиносони маъруф дар иртиботи доимӣ қарор доштанд. Шоҳиди он будам, ки ҳар рӯз дар дафтарҳои корӣ, ё дар толори муҳокимавии нашриёт баҳсҳои гарми илмӣ ҷиҳати такмили китобҳои дарсӣ ҷараён мегирифтанд.

ҶАЛБИ МУАЛЛИФОН: ИЛМ, МАҲОРАТ ВА МАСЪУЛИЯТ

Дар интихоби муаллифон на рафоқат ҷой дошту на тамоюли манфиатҳои шахсӣ. Ҳар касе, ки мехост барои мактаб китоб нависад, бояд дониш, таҷриба ва қобилияти баёни фикрро дар шакли фаҳмову омӯзанда медошт. Омодагӣ барои ҳамкорӣ бо муҳаррирон, қабули танқид, шунидани ақидаҳои дигарон ва ислоҳ кардани иштибоҳҳо бахше аз ин масъулият буд.

Ҳангоми кор дар нашриёт ман эҳсос мекардам, ки дониш ва фазилати ҳар муаллиф аз рӯи тарзи муаррифии мавзуъ, мувофиқати синнусолии матн ва соддагиву равонии услуб арзёбӣ мегардид. Ин ҷо муаллифони бузург, ки дар илм баркамол буданд, ҳам аз навсозии фикр, ҳам аз оддӣ навиштан эҳсоси масъулият доштанд.

БАҲСҲО: ЗЕҲНҲО ҶӮЁИ ҲАҚИҚАТ

Рӯзе набуд, ки баҳси ҷиддии илмиву услубӣ сурат нагирад. Агар муҳаррирон бо муаллифон ба тавофуқ намерасиданд, масъала ба муҳокимаи васеътар кашида мешуд. Коллективи муҳаррирон, мутахассисони фаннӣ ва намояндагони Кумитаи табъу нашр гирд меомаданд. Ҳар ҷумла, расм, вазифа ё савол мавриди санҷиш қарор мегирифт. Ва дар ниҳоят, на мавқеъ, балки далел ва мантиқ сухани охиринро мегуфт.

Ман шоҳиди он будам, ки ҳатто сардори кумита, директор ё сармуҳаррир наметавонист матнеро бе мувофиқа ва таҳлил ба тасвиб расонад. Ин макон мактаби муқаддас буд, хонанда муқаддас буд ва ҳар ҷумлае, ки ба китоб медаромад, бояд ҷавҳари донишро дар худ медошт.

МАҚСАДИ АСЛИИ КИТОБИ ДАРСӢ

Китоби дарсӣ воситаи асосии омӯзиш не, роҳнамо буду бояд бошад. Роҳнамое, ки бояд кӯдакро аз ҷаҳли ноогаҳӣ ба соҳили шинохти илм расонад. Мақсади асосии он бедор кардани андеша, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ташвиқи ҷустуҷӯи илмӣ мебошад. Китоби дарсӣ бояд содда бошад, вале соддагӣ маънии соддафикриро надорад. Он бояд равон, мантиқӣ, пурмаънӣ ва аз лиҳози тарбиявӣ низ таъсиргузор бошад.

Ҳар матни китоб бояд кӯдакро ба фикр водор созад: Чаро? Чӣ гуна? Барои чӣ? Агар кӯдак пас аз хондани як саҳифа савол диҳад, китоб муваффақ аст.

НАШРИЁТ ҲАМЧУН БОРГОҲИ МАЪНАВӢ

Нашриёт танҳо ҷои чопи китоб нест. Ин ҷо анбораи андешаҳо, кӯраи таҳлилу танқид ва мактаби воқеии кор бо сухан аст. Дар нашриёт муҳаррир набояд танҳо донандаи грамматика бошад. Ӯ бояд ҳам омӯзгор, ҳам равоншинос ва ҳам мунаққид бошад. Ба ҳар китоб на танҳо аз зовияи илм, балки аз зовияи таъсири он ба кӯдак нигоҳ карда шавад.

Ҳамин аст, ки ман ҳар саҳар, вақте вориди бинои нашриёти “Маориф” мешудам, эҳсос мекардам, ки на ба ҷойи кор, балки ба мактаби ахлоқӣ ва маънавӣ қадам мегузорам. Дар ин ҷо садо баланд намешуд, аммо ҳар як калима мисли заррае буд, ки ба танӯри маърифат меафтод.

Кор дар нашриёти “Маориф” барои ман дарси бузурге буд: дарси эҳтиром ба сухан, масъулият дар муқобили насл ва эътиқод ба қудрати дониш. Китоби дарсӣ дӯсти мушфиқ, ҳамсафари боэътимоди донишомӯз аст. Агар ба он муҳаббат ва масъулият ворид шавад, ҷомеа рушд мекунад. Агар не, ҷомеа ба хатар меравад.

Аз ин рӯ, вазифаи нашриёт, муҳаррир ва муаллиф на танҳо дар таҳияи як китоб, балки дар сохтани як насл ва ҷомеа аст. Ва ман ифтихор мекунам, ки шоҳиди ин раванди муқаддас будам.

ЗИНДАГӢ АЗ НАШРИЁТ ОҒОЗ ЁФТ…

Кор дар нашриёти “Маориф” барои ман мактаби дигар буд. Мактабе, ки на бо садои занги дарс оғоз мешуду бо варақҳои имтиҳонӣ поён меёфт. Ин мактаб бо бӯйи рангҳои матбаа, бо суҳбатҳои ахлоқию донишпажӯҳӣ дар утоқҳои кории муҳаррирон ва бо мутолиаи саҳифаҳои аввалини китоби дарсӣ таровати тоза мегирифт.

Дар инҷо ҳар ҷумла муқаддас буд. Китобе, ки навишта мешуд, барои кӯдаке дар гӯшаи дурдасти кишвар метавонад аввалин дидори ӯ бо дониш бошад. Аз ин рӯ, муҳаррирон бо эҳсоси масъулият, бо дақиқии ҷарроҳон, бо фаҳмиши амиқи равоншиносии кӯдак ва эҳтиёҷоти мактабӣ матнҳоро тартиб медоданд ва таҳлил мекарданд.

Ҳар рӯз баҳсҳо буданд. Баҳсҳое, ки гоҳе ором, гоҳе гарм, вале ҳамеша муфид ва маърифатӣ буданд. Нури ирфон аз ҳамин даргоҳ тулуъ мекард.

НАШРИЁТ ЯК ҶАҲОН БУД

Утоқҳои пур аз дастнависҳо, лавҳаи калоне бо суроғаи китобҳои таҳти кор, рӯи мизҳо китобҳои дарсии синфҳои гуногун, матнҳои дар мошинка чопшудаи бо қалами рангин ислоҳгашта, номаҳои муаллифону муаллимон, ки фикру мулоҳизаҳои худро мегузарониданд – ин ҳама як муҳити зинда ва огоҳ буд.

Ман меомӯхтам:

Чӣ гуна бояд бо муаллиф муколама кард;

Чӣ гуна бояд дар матн нафаси зиндаи синфро эҳсос намуд;

Чӣ гуна як ишораи забонӣ метавонад маънои як мавзӯро ба куллӣ дигар кунад.

Вақте, баъдтар, ба ҳайси шореҳи нашрияи “Омӯзгор” кор оғоз кардам, он ҳама таҷрибаҳо бо ман буданд. Ман акнун на аз паси миз, балки бо пойи худ ба мактабҳо мерафтам. Бо муаллимон менишастам, дар дарсҳо иштирок мекардам, аз зиндагонии устодон, аз талошҳои онҳо барои як китоб, як тахтаи синф, як курсӣ навишта мекардам. Он вақт ман ҳис кардам, ки нашриёт ва мактаб дар як ҳалқаанд – яке тарроҳ аст, дигаре коргари саҳнаи зиндагии илму маърифат.

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *